Зобулистон

Зобулистон форсӣ: زابلستان (аз паҳлавии Зобул), Зобул, Зовулистон, вилояти таърихӣ дар ҷанубу шарқи Хуросон, ки минтақаи кӯҳистони байни д. Ҳилманд ва Қандаҳорро дар бар мегирифт.
Вожаи паҳлавии Зобул аз номи яке аз қабилаҳои Ҳайтолиён бархостааст, ки дар асри 5 ин минтақаро ишғол карда буданд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун ватани аҷдоди Зол ва писараш Рустам (лақабаш Зобулӣ аз ин ҷост) тавсиф ёфтааст. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ, Зобулистон дар ҷануби Балху Тахористон ҷойгир шуда, марказаш ш. Ғазна буд. Дар аҳди хилофати Усмон (644–656) аз ҷониби сарлашкари араб Абдурраҳмон ибни Самура ишғол шуда, дар аҳди Умавиён ва баъдан Аббосиён ҷузъи хилофат буд. Дар аҳди хилофати ал-Муътамид (870–890) ба қаламрави Саффориён дохил шуда, баъдан муддате дар ҳайати давлати Сомониён қарор дошт. Сабуктегин пас аз забти Зобулистон бо духтари ҳокими он вилоят хонадор шуд. Аз он ақд Маҳмуди Ғазнавӣ ба дунё омад ва бинобар ин ӯро бо нисбаи «зовулӣ» низ ёд мекунанд. Зобулистон баъди тохтутози муғул ба қаламрави Темуриён, Темуриёни Ҳинд ва Дуррониён дохил гардид. Кӯҳҳои Зобулистон аз маъдани нуқра, мис, оҳан, сурб ва сангҳои мағнотис ғанӣ буд. Зобулистон обҳои фаровон дошт ва мардумаш ба шуҷоату далерӣ машҳур буданд. Минтақаи Зобулистон се шаҳри асосӣ дошт: Ғазна, Майманд ва Калот. Ҳоло минтақаи таърихии Зобулистон ба ҳайати ҶИА ва Балучистон дохил мешавад. Дар аҳди ҳукумати Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар минтақаи байни ш-ҳои Қандаҳор ва Ғазна вил. Зобул ташкил ёфт, ки маркази он ш. Калот мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зобулистон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.