Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зовия Муҳаммад Алӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зовия Муҳаммад Алӣ
Муҳаммад Алӣ
Таърихи таваллуд 1913(1913)
Зодгоҳ: Теҳрон
Таърихи даргузашт 1991
Маҳалли даргузашт
Мамлакат: Эрон
Ҷоизаҳо Дорандаи ҷоиза ва медали тилои На­моиш­гоҳи байналмилалии Брюссел (1958).
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зовия ( ар. زاویه ) Муҳаммад Алӣ (1913, Теҳрон – 1991, ҳамон ҷо) — рассом, наққоши эро­нӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозукиҳои сан­ъати рас­со­мӣ ва наққоширо дар Мад­расаи санъати нафиса аз устод Ҳодӣ Таҷвидӣ омӯх­тааст (1930–42). Сипас таҳ­силро дар фа­култаи ҳу­нар­ҳои зебои До­нишгоҳи Теҳ­рон идо­ма до­дааст. Зовия раиси Осорхо­наи ҳунарҳои миллии Теҳ­рон буд. Дар баробари нақ­қошиву рассомӣ дар Омӯ­зишгоҳи ҳунарҳои зебо омӯзгорӣ мекард. Зовия дар навъ­ҳои мухталифи рас­со­миву наққошӣ, тазҳиб (зар­ҳал­ко­рӣ) ва тарроҳии қо­линҳо ма­ҳорату малакаи баланд дош­та, асарҳои ҷолиб офаридааст. «Хусрав ва Ши­рин», «Намое аз қасри Сулаймон», «Ҳафт ганҷи Баҳ­ром», «Чавгонбозии ҳу­нар­мандон дар дарбори Шоҳ Аббос» аз ҷумлаи асар­ҳои барҷастаи зар­ҳал­ко­рии ӯ мебошанд.

Дорандаи ҷоиза ва медали тилои На­моиш­гоҳи байналмилалии Брюссел (1958).