Зоеа
Намуди зоҳирӣ

Зоеа — кирминае, ки дар қабати об ба сар мебарад. Яке аз марҳилаҳои рушди харчангшаклҳои даҳпо.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Тани зоеа аз сарсина ва шиками сербанд иборат аст. Аз пойҳои сарсинаӣ танҳо пойҳои пеш ‒ пойҷоғҳо, аз пойҳои шикамӣ танҳо пойҳои қафо ‒ уроподаҳо (дар зоеаи харчанги баҳрӣ нест) инкишоф ёфтаанд; пойҳои дигар берушд буда, дар ҳолати ҷанинӣ қарор доранд. Чашмони зоеа нишаста мебошанд. Ба воситаи пойҷоғҳо шино мекунад. Зоеаи харчанги баҳрӣ сарсинаи курашакл (бо сихҳои дарози пешу тахтапушт ва ду сихи паҳлуӣ муҷаҳҳаз аст) ва шикамчаи борик дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоеа // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.