Зоиш



Зоиш, зодан — раванди физиологие, ки давраи ҳомилагиро ба анҷом мерасонад.
Раванди зоиш дар одамон одам
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар одам зоимони муътадил (физиологӣ) дар муддати 38-40 ҳафта, вақте ки ҳамил ташаккул ёфта, барои ҳаёти берун аз батни модар омода мешавад, фаро мерасад. Оғози зоимон ба вуҷуд омадани дарди зодан аст, ки бинобар кашишҳои бачадон сурат мегирад. Дардҳо дар ибтидо суст буда, занро чандон ташвиш намедиҳанд, вале баъдан онҳо шадиди бардавом (то 40 дақ.) ва такрори пай дар пай (баъди ҳар 5-6 дақ.) мегарданд. Зоимон дар занҳои нахустзо 15-20, дар занҳои кӯдакдор 10-12 соат идома меёбад. Давомоти зоимон ба синну сол (дар занҳои нахустзои аз 28-30-сола боло муддати зоимон тӯлонитар аст), андозаи кос, бузургии ҳамил, фаъолии кашишҳои заҳдон ва ғ. вобаста аст. Дар марҳалаи аввали зоимон обпарда дарида, бори он берун мерезад (баъзе вақтҳо ин ҳолат рух намедиҳад ва ҳамил андаруни парда — «бо курта» ба дунё меояд). Чанде баъд ба дарди зодан кашишҳои пардаи шикаму диафрагма ва чордард ҳамроҳ шуда, ҳамил бо роҳи зоиш пеш меравад.
Раванди зоиши дар ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Зоимон дар ҳайвоноти хонагӣ дар се марҳала падид меояд: омодагӣ (куллан боз шудани маҷрои гарданаи бачадон ва ҷойгирии ҳамил), рондани ҳамил (зоиш; он дар буз 5-30 дақ. ва гов 4 соат давом мекунад) ва ҷудошавии машима (дар гов баъд аз 5-6 соат). Раванди баҳинҷори зоимон дар ҳайвонот ба намуд, шароити нигоҳдошт, хӯрокдиҳӣ ва истифодаи онҳо на фақат ҳангоми бордорӣ, балки дар тамоми муддати зиндагӣ вобаста аст. Дар фермаҳои чорводорӣ ҳайвонҳои бордорро чанд шаборӯз пеш аз зоимон ба шуъбаи зоимон мегузаронанд. Маъмулан, ҳангоми зоимон ҳамил аз роҳҳои зоиш бо сару пои дарозкарда хориҷ мешавад. «Баҳинҷор» сурат гирифтани зоимон ба ҳолати нейрофизиологии андомгони модина ва хусусиятҳои анатомии он, инчунин аз андоза, ҳолат ва тарзи ҷойгиршавии ҳамил вобаста аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоймон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.