Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зомин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зомин (زامین) Зомиҷ, Сусанда, Сарсанда — шаҳри таърихии Усрушана, ки баъди Бунҷикат ва Дизак дар мақоми севвум қарор дошт.

Масофаи байни Зомин то Собот ду фарсах, то маркази Усрушана ҳафт фарсах ва то Самарқанд 17 фарсах буд. Зомин дар масири байни Суғд ва Фарғона таваққуфгоҳи корвониён буд. Шоҳроҳи Хуросон дар Зомин ба ду пайроҳа ҷудо шуда, яке дар шимол ба Чоч (Тошканд) ва дигаре дар шимолу шарқ ба Фарғона пайваст мешуданд. Дар канори Зомин шаҳри қадими дигар вуҷуд дошт, ки дар асри 10 хароб шуд. Дар асри 10 масоҳати Зомин бо Бунҷикат баробар буда, масҷиди ҷомеъ ва якчанд бозор дошт. Киштзору боғҳои Зомин аз рӯди Сорин обёрӣ мешуданд. Бозорҳои Зомин дар ду соҳили рӯди Сорин воқеъ гашта, тавассути пулҳои хурд бо ҳам пайваст мешуданд. Дар давраи Темуриён ва Шайбониён Зомин маркази вилоят буд, сипас ба қаламрави Аморати Бухоро, генерал-губернатории Туркистон ва ҶШС Ӯзбекистон дохил гардид. Ҳоло тумани Зомин (таъсис 1968) маркази маъмурии ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.