Зоммерфелд (Sommerfeld) Арнолд
Зоммерфелд (Sommerfeld) Арнолд | |
|---|---|
| Арнолд Зоммерфелд | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 5 декабр 1868 |
| Зодгоҳ | Кёнигсберг |
| Таърихи даргузашт | 26 апрел 1951 (82 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Мюнхен |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | spectroscopy[d] |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | Донишгоҳи Кёнигсберг |
| Роҳбари илмӣ | Ferdinand von Lindemann[d][3] ва Felix Klein[d] |
| Шогирдон | Linus Pauling[d], Peter Joseph William Debye[d], Ҳанс Бете, Alfred Landé[d], Wojciech Rubinowicz[d] ва Werner Romberg[d][1] |
| Ҷоизаҳо | |
Зоммерфелд (Sommerfeld) Арнолд [(5.12.1868, Кёнигсберг (ҳоло Калининград) – 26.4.1951, Мюнхен)] — физик ва математики олмонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Кёнигсберг (1891). Проф. Академияи кӯҳкорӣ дар Клаустал (1897–1900), Мактаби олии техникӣ дар Ахен (1900–06), Донишгоҳи Мюнхен (1906–38). Корҳои асосии Зоммерфелд ба назарияи атом, назарияи филизҳо ва физикаи математикӣ бахшида шудаанд. Зоммерфелд назарияи дақиқи математикии дифраксияро таҳия намуда (1895), ифодаи интегралии функсияҳои бесселиро (интеграли Зоммерфелд, 1896) пешниҳод кард, ҳалли масъаларо дар бораи афканишоти диполи (дуқутба)-и амудӣ, ки дар сарҳадди ду муҳит ҷой дода шудааст, ҳал намуд (1909) ва назарияи атомии Борро, ки дар он ҳаракати электронҳоро аз рӯи мадори байзавӣ (эллипсӣ) тасаввур кардааст (1915–16), такмил дод. Ӯ инчунин назарияи сохтори нозуки тайфҳои атомро пешниҳод намуда (1916), принсипи Паулиро бо газҳои электронӣ дар филизҳо татбиқ кард, формулаи нисбатан саҳеҳро барои Қонуни Видеман–Франс баён намуд ва чандин зуҳуроти дигарро дар филизҳо (гармии ҷоулӣ, падидаҳои гармоэлектрӣ, 1928) маънидод кард. Муаллифи чандин асар оид ба назарияи афканишоти рентгенӣ ва назарияи афканишоти боздоштӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 Архив по истории математики Мактьютор — 1995.
- ↑ Seidel F. Die Straßen in Clausthal – Zellerfeld – Buntenbock (нем.) / Hrsg.: Clausthal-Zellerfeld — 1983. — S. 15.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоммерфелд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.