Зонд
Зонд | |
| Ном | Soenda[1], Sonda[1], Sonda uharteak[1], Sunda[1], Sunda-Ailounde[1], Sundaeyjar[1], Sundaj Insuloj[1], Sundajski[1], Sunda saared[1], Sundasaaret[1], Sundos salos[1], Sundska ostrva[1], Sundski otoci[1], Szunda-szigetek[1], Zond orollari[1] ва Zunda salas[1] |
|---|---|
| Кишвар | |
| Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси Ҳинд |
| Баландӣ аз сатҳи баҳр | 4 095 м |
| Масоҳат |
|
Зонд (аз зунда ё сунда, Sunda – номи қабилаҳои қисми ғарбии ҷаз-ҳои Ява) — галаҷазираҳои бузург дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, байни нимҷаз-ҳои Малакка ва Гвинеяи Нав ва уқ-ҳои Ҳинду Ором.
Маълумоти географӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ҷаз-ҳои Зонди Калон (ҷаз-ҳои Суматра, Ява, Калимантан, Сулавеси) ва Зонди Хурд (ҷаз-ҳои Бали, Комодо, Ломбок, Ломблен, Сумба, Сумбава, Тимор, Флорес ва ғ.) тақсим мешавад. Масоҳаташ беш аз 1,4 млн км2. Релефаш аз кӯҳу пастиҳо иборат буда, серзилзила аст, вулканҳои амалкунанда дорад. Иқлимаш экваторӣ ва субэкваторӣ. Масоҳати зиёди Зондро бешаҳои экваторӣ фаро гирифтаанд. Зонд конҳои нафт, қалъагӣ, волфрам, мис, руҳ, сурб, манган ва ғ. дорад. Ба ҳудуди Зонд якчанд ҷазираи калон ва ҳазорҳо ҷазираи хурд дохил мешаванд. Дар қисми асосии Зонд (галаҷаз. Малай) Индонезия, дар қисми шимолии ҷаз. Калимантан Малайзия, дар қисми ками он давлатҳои Бруней ва Тимори Шарқӣ ҷойгиранд. Як қисми ҷаз. Тимор аз соли 2002 ба ҳайати давлати соҳибистиқлоли Тимори Шарқӣ дохил мешавад. Дар Зонд зуд-зуд сунами рух медиҳад. 60 дарсади ҳудуди Зондро ҷангали дарахтони навъи нодири тропикӣ ишғол кардааст. Дар заминҳои ҷаз-ҳои Зонди Хурд шолӣ, ҷуворимакка ва зироатҳои техникӣ кишт карда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зонд // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.