Зоопланктон

Зоопланктон (аз зоо ... ва юн.-қад. planktos – гумроҳ, беҳаракат) — як ҷузъи планктон, мавҷудоти нофаъоле, ки муқобили ҷараён шино карда наметавонанд ва онҳоро об аз ҷое ба ҷое мебарад.
Ба зоопланктон белпойҳо, мизидҳо, радиолярияҳо, медузаҳо, сифонофораҳо, шонаиҳо, пиросомаҳо, инчунин кирминаи бештари ҳайвонот ва тухми пелагеали (марбут ба қабати ҳаётии об)-и моҳӣ мансубанд. Зоопланктонҳо дар тамоми қабатҳои об дучор меоянд. Ғизои зоопланктонҳо фитопланктон, детрит ва ҳамтоёни нисбатан хурдашон мебошанд. Агар ҷонварон тамоми ҳаёти худро ба шакли планктон гузаронанд, пас онҳоро голопланктон ва агар дар об як қисми зиндаги (давраи кирминагӣ)-ро паси сар кунанд, онҳоро меропланктон меноманд. Зоопланктонҳо ғизои асосии биосенози обанборҳо, алалхусус, баҳрҳо мебошанд. Кайки обӣ, босмин, диаптомус ва сиклоп аз ҷумлаи мавҷудоти маъмули зоопланктонии обҳои ширин буда, дар зери пурбин мушоҳида мешаванд. Зоопланктон яке аз гурӯҳҳои нисбатан сершумори ҳидробионтҳо буда, арзиши баланди экологӣ ва хоҷагӣ дорад. Зоопланктонҳо моддаҳои органикии обанборҳоро истеъмол карда, обро тоза нигоҳ медоранд. Онҳо ғизои бисёр моҳиҳо ва индикатори асосии арзёбии сифати об мебошанд. Бо роҳи афзун намудани зоопланктон метавон соҳаи моҳидориро ривоҷ дод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоопланктон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.