Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зооспора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зооспораи омисет аз ҷинси Phytophthora (SEM).

Зооспора (аз лот. zoon – ҳайвон ва spora – тухм, нутфа) — зоогонидия, ҳуҷайраи қамчинакдори ҳаракат­кунандаи обсабзҳо ва баъзе занбӯруғҳои дараҷаи паст. Зооспора барои афзоиши ғайриҷинсӣ муҳим аст. Зооспора дар зооспорангия ташаккул меёбад. Дар ин давра бисёре аз обсабзҳо дорои хромотоформ, стигма, вакуолаҳои кашишёбанда ме­бошанд. Зооспораҳои баъзе обсабзҳои зарди сабзчатоб ядрои бисёр ва чанд ҷуфт қамчинак доранд. Баъди чанд муддат шино кардани Зооспора қамчинаки ӯ нест мешавад ва худ пардаи ғафс ҳосил карда, ба мавҷуди нав табдил меёбад.