Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоотехния

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зоотехния (аз зоо... ва юн.-қад. techne – санъат, маҳо­рат) — яке аз соҳаҳои илми кишоварзӣ оид ба нигоҳубин, пар­вариш ва истифодаи чорвою паранда барои истеҳсоли гӯшт, шир, пашм, пӯст, тухм ва ғ.

Зоотехния барои бо сарфи кору маблағи кам ба даст овардани маҳсулоти хушсифат тад­бирҳо андешида, донишҳои соҳаи чорводориро ҷамъбаст мекунад, масъалаҳои илмию истеҳсолии ба вуҷуд овардани зотҳои сермаҳсул ва такмили зотҳои мавҷударо таҳ­қиқ менамояд. Зоотехния бо биологияи умумӣ, зоология, анатомия, физиология, гистология, биокимиё, генетика, ситология, иммунология, байторӣ, агрономия ва дигар фан­ҳои табиат­шиносӣ робитаи устувор дошта, барои сермаҳ­сул шудани чорво аз таҷҳизоти нави истеҳсолот, комёби­ҳои фан­ҳои дақиқ ва техникаи ҳисоббарор истифода мебарад. Зоотехния умумӣ ва хусусӣ мешавад. Зоотехнияи умумӣ қоида­ҳои муштараки парвариш, хӯрокдиҳӣ, нигоҳубин (зоогигиена) ва ис­тифодаи навъу зотҳои асосии чорворо дар асоси таҳ­қи­қи хусусиятҳои биологӣ ва хоҷагии онҳо мураттаб месозад. Зоотехнияи хусусӣ масъалаҳои парвариш, хӯ­рокдиҳӣ, ниго­ҳу­бини зотҳои ҷудогонаи чорво ва усулҳои ташкилу ба роҳ мондани соҳаҳои махсуси чорводори (говпарварӣ, гӯсфанд­парварӣ, асппарварӣ, парандапарва­рӣ ва ғ.)-ро меомӯзад.

Унсурҳои ибтидоии Зоотехния ҳанӯз дар асарҳои олимони дун­ёи қадим Варон, Буқрот, Ксенофонт ба назар мерасанд. Аммо Зоотехния ҳамчун илм дар асри 18 ташаккул ёфт. Истилоҳи «Зоотехния»-ро соли 1848 олими фаронсавӣ Ж. Бодеман ба илм дохил кардааст. Дар Тоҷикистон барои бомуваффақият ҷорӣ намудани корҳои зотгирӣ аз рӯи маҷмӯи аломатҳои истеъмолию қимати зотӣ низоми ягонаи баҳодиҳӣ ба ҳайвоноти кишоварзӣ – бонитировка ҷорист. Ҳоло кормандони Ин-ти тадқиқоти илмии чорво­дории АИКТ ва факултаи зоотехникии ДАТ ба номи Ш. Шоҳ­темур оид ба омӯ­зи­ши ғизонокии хӯроки чорво, технологияи истеҳ­со­ли хӯ­рок ва хӯрокдиҳӣ, ба вуҷуд овардани зотҳои нави гӯсфанди гӯшту равғану пашмдеҳ, такмили зотҳои гӯс­фан­ди қарокӯлию ҳисорӣ, парвариши зотҳои нави асп, ба шароити маҳал мутобиқ гардондани зотҳои аз ҷойҳои дигар овардашуда таҳқиқот мебаранд.