Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоотсидҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯконе, ки заҳри каламуш ва инсектисидҳоро мефурӯшад дар бозор дар Линсия, музофоти Гансу, Чин

Зоотсидҳо (аз зоо... ва лот. caedoмекушам, нобуд мекунам) — як навъи пеститсидҳо, маводди кимиёие, ки барои нест кардани хояндаҳо (муш, суғур, калламуш) ва парандагони зараррасон истифода мешаванд.

Зоотсидҳои кушандаи хояндаҳоро родентитсид, нобудкунандаи калла­мушҳоро ратитсид ва маҳвкунандаи парандагони зараррасонро авитсид меноманд. Фосфиди руҳ, глифтор, крисид, зоокумарин, ратиндан ва ғ. низ аз ҷумлаи зоотсидҳоанд. Зоотсидҳо ба гурӯҳҳои гуногуни кимиёӣ мансубанд. Дар бештари ҳолатҳо пайвастҳоеро истифода мебаранд, ки барои меъдаи ҳайвонот (фосфиди руҳ, глифтор, крисид, зоокумарин ва ғ.) ҳалокатбор аст. Асосан аз зоотсидҳо мулуҳ тайёр карда, ба гузаргоҳи ҳайвоноти зараррасон мегузоранд. Барои нест кардани хояндаҳои боғу саҳро ва киштзор ба до­на­ҳои ҷав, гандум, ҷуворӣ ва ҷавдор фосфиди руҳу глифтор ҳамроҳ карда, ба назди хона ва ҷойҳои гаштугузори онҳо гузоштан лозим аст. Барои куштани мушу калла­муш­ҳои анбор, фермаҳои чорво, гармхонаҳо, ғара­ми алаф ва ғ. ба нонреза, гандум, моҳӣ ва гӯшти қима зоокумарин ва ротиндан ҳамроҳ карда, истифода менамоянд. Ҳангоми истифодаи зоотсидҳо чорворо аз фермаҳо берун баровардан муҳим нест, вале аз анборҳо тамоми хӯрок­вориро баровардан лозим аст. Барои нест кардани мушу калламуши биноҳои иқоматӣ ба нонреза, себ ва ғ. крисид ҳам­роҳ мекунанд (бо мақсади часпак шудани он аз равған­ҳои минералӣ истифода мебаранд). Бо мақсади пешгирии афзоиши зиёди па­рандаҳои зараррасон (масалан, кабӯтару гунҷишк) аз маводди хобовар – алфахлоралоза истифода мекунанд. Зоотсидҳо ба одам, ҳайвоноти хонагӣ ва парандагони фоиданок зарар дорад. Бино бар ин, ҳангоми сари кор дош­тан бо зоотсидҳо ба қоидаҳои нигоҳдорӣ, кашондан ва истифодаи онҳо риоя кардан зарур аст.