Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоргирия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Зоргирия (ар. ضارگیریه ) тоифае аз аҳли шиа, ки дар Бандари Аббос ва атрофи он зиндагӣ мекунанд. Пайравони Зоргирия аслан африқоитабор ва сокинони соҳилҳои Африқои Шар­қӣ: Кения, Танзания ва Занзибар мебошанд.

Амали Зоргирия ба як навъ ҷодугарӣ монанд аст. Пайравони Зоргирия шайхи худро «Бо­бо» мегӯянд. Бобо бо чанд тан аз одамони худ рӯҳи хабиса (ҷин)-ро аз тани шахси девона бо «зор гирифтан» (зор – зараррасон, зиёновар) берун мекунад. Зор­гириён дар атрофи шахси ҷинзада гирд омада, гиёҳ­ҳои махсус дуд мекунанд, то бӯи он ба машомаш расад. Сипас дуҳул (табл)-и Лойбо мекӯбанд ва бо хайзурон (бамбук) ба бадани бемор зада, ҷинро аз даруни ӯ меронанд. Гоҳо ҳан­го­ми иҷрои ин маросим Бобо бехуд мешавад. Мумкин аст касе, ки «зор» дар танаш ҷой гирифтааст, тавассути ӯ ба ғайбгӯӣ пардозад. Яке аз маросимҳои берун кардани «зор» қурбонӣ кардани мурғ аст. Зоргирия дар Уммон ва Сомалӣ низ васеъ интишор ёфта, дар забони сомалӣ калимаи «зор» ба «сор» мубаддал шудааст. Дар бораи Зоргирия китобе бо номи «Аҳ­ли ҳаво» ба забони форсӣ нашр шудааст.

Минтақаҳои бо ҷамъияти шиъа дар харитаи ҷаҳони ислом: сурх: манотиқи шиъанишин, сабз: сунниҳо, бунафш: ибозия