Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зорилла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зорилла
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Зорилла, хази африқоӣ (лот. Ictonyx striatus) — ҳайвони шир­хӯ­ри даранда (Ictonyx striatus) аз оилаи савсориҳо (Muas­telidae).

Ба мири мушони амрикоӣ шабоҳат дорад. Да­розии баданаш 29-39 см, думаш 21-31 см, сафеди фаххак. Чан­голҳои пойи пешаш дарозу тез. Мӯинааш дарози си­ёҳ, дар тахтапушт рах­ҳои сафед ва дар рӯ доғҳои сафедгун дорад. Нарина аз модина калонтар (вазни зориллаи модина 596—880, зориллаи нарина 681—1460 г.). Зорилла дар Аф­риқо зиндагӣ мекунад. Рӯ­зона дар лона, зери харсанг, миёни решаи дарахтон панаҳ бурда, шабона ба шикор мебарояд. Давраи ҷуфтиашон октябр — ноябр, давраи ҳамлашон 5-6 ҳаф­та. Зориллаи модина соле 2-3 бачаи нобино (вазнашон 12-15 г) мезояд (чашмони онҳо дар 40-рӯзагӣ боз мешаванд). Ғизои зорилла хояндаву ҳа­шарот аст. Зорилла бадбӯйтарин ҳайвон дар ҷаҳон аст (бӯяш аз масофаи қариб 2 км ба машом мерасад). Мисли дигар савсорҳо ҳангоми таҳдиди хатар бӯи бад мебарорад. Дар шароити сунъӣ то 15 сол умр мебинад.