Зоркӯл (мамнӯъгоҳ)
Зоркӯл | |
| Таърихи таъсис | 2000 |
|---|---|
| Радаи манотиқи ҳифозатшудаи IUCN | IUCN category Ia: Strict Nature Reserve[d] |
| Кишвар | |
| Воҳиди марзию маъмурӣ | Ноҳияи Мурғоб |
| Навъи асари бостонӣ | Tentative World Heritage Site[d] |
| Масоҳат |
|
| Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО | (vii)[d] ва (x)[d] |
«Зоркӯл» — мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]14 марти соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №120) дар заминаи ғӯруқи «Зоркӯл» дар ҳудуди н-ҳои Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ташкил карда шудааст. Баландиаш аз с. б. 3500–6000 м. Масоҳаташ 70 ҳазор га. Аз «Зоркӯл» то ш. Хоруғ – 180 км. Иқлимаш континентӣ, ҳарорати миёнаи январ – 18, июл – 8,70С. Тобистон гарму хушк, зимистон сарду сербориш. Миқдори боришоти солона – 73 –103 мм. Давраи бебориш ба ҳисоби миёна 64, давраи гармо тақр. 180 рӯз давом мекунад. Мақсад аз бунёди «Зоркӯл» ҳифзи ҷонварони нодир, табиати беҳамтои Помири Шарқӣ ва ғози кӯҳӣ (ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст) мебошад. Дар ҳудуди Зоркӯл ҷойгир буда, аз ҷануб бо ҶИА ҳамсарҳад аст. Олами набототи «Зоркӯл» бинобар дар минтақаи сарди баландкӯҳ ҷой гирифтанаш чандон зиёд нест. Асосан рустаниҳои ксерофитӣ ва сармобардор, аз қабили терескен (Eurotia ceratoides), дарманаи Леман (Artemisi Lemanii), зарпошаи помирӣ (Tanacetum pamirica), болиштакҳо (Onoprychis echidna) ва ғ. вомехӯранд. Олами ҳайвоноти мамнӯъгоҳ (3 синф, 15 қатор ва 28 оила): бургут (Aquila chrysaetus), ҳумо (Gypaetus barbatus), каргас (Gyps himalayensis), саҷдаи тибетӣ (Syrrhaptes tibetana), лочини муғулӣ (Falko cherrug milvipes), дар соҳил ва ҷаз-ҳои Зоркӯл ғози кӯҳӣ (Anserindicus), архар, бузи кӯҳӣ, паланг, суғури думдароз, пулакчаболҳо, ростболҳо, сӯзанакҳо, дуруштболҳо ва ғ. М. Н. Нарзиқулов дар ҳудуди «Зоркӯл» чанд намуди ширинчаро ошкор кардааст. «Зоркӯл» гӯшаи зебоманзари кӯҳистони Тоҷикистон буда, барои рушди экосистемаи табиӣ муҳим мебошад. Дар «Зоркӯл» амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ, ки ба табиати он таҳдид мекунад, манъ карда шудааст.


Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Зоркӯл» // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.