Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зофа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зофа
Зофа
Чесночник лекарственный (Alliaria petiolata)
Табақабандии илмӣ
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Alliaria}}. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
Ҷинс:
Зофа
Номи илмӣ
Alliaria Heist. ex Fabr. (1759)
Номенклатурный тип
Гунаҳо

Зофа (лот. Alliária) — ҷинси рус­таниҳои дусола; мансуби чил­ликгулҳост.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояи рост, барги думчадарози байзашакл ё гурдашакл, гули сафед, ғи­ло­факмеваи чоргӯша дорад.

Зофа дар Авруосиё, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дучор меояд. Аслан 3 намуд (A. auri­cula­ta, A. brachycarpa, A. petiola­ta) дорад. Дар Тоҷи­кистон фа­қат як намуди он – A. pe­tio­lata дар қ-кӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Олой, Пётри I, Ҳаз­рати Шоҳ ва Дарвоз во­ме­хӯрад. Соқааш ҳи­рам­шакл (12–100 см қад мекашад), қисми поёнаш хамида; баргаш дилшакл, дандонадор. Моҳҳои май – июн гул мекунад. Дар ҷой­ҳои соя ва сернам месабзад.

Корбурди пизишкӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зофа дар тиб­би мардумӣ барои муо­лиҷаи думмал, сӯхтагӣ, бемории зиқи нафас, зангила ва дарунрав ис­тифода мешавад. Зофа рустании заҳрнок аст.

  1. NCU-3e. Names in current use for extant plant genera. Electronic version 1.0. Entry for Alliaria Heist. ex Fabr.(англ.). International Association for Plant Taxonomy (last updated Sept 24, 1997).