Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лӯхтакҳои Anne of Greeen Gables

Зоча, лӯхтак, луъбат, арӯсак, 1) бозичае, ки аз чӯб­чаҳо, латтапораҳо, ресмонҳои рангин сохта шуда, бо либосҳои махсуси занонаю мардона оро дода мешавад ва ба он номҳои шартии «зан», «шавҳар», «духтар», «писар», «арӯс», «домод» мегузоранд. Бо зоча асосан духтарони хурд­сол бозӣ мекунанд. Аввалин зочаҳо дар қаламрави То­ҷикистони кунунӣ тақр. 2500–3000 сол пеш пайдо шудаанд. Зоча дар бовару эътиқоди мардуми тоҷик ашёи ҳифз­ку­нандаи хона ва аҳли хонавода (зан, писар, духтар) аз омил­ҳои зишт буд. Зочаҳои тоҷикиро аз ду чӯб сохта, салибвор ба ҳам мебастанд. Аз ришта калобае бофта ё аз чӯб гирдае тарошида, ба сараш порчаву ришта мегузоштанд ва кокул баста, курта мепӯ­шонданд, ки ҳоло низ ин анъана побарҷост; 2) ширкатдорони намоишҳои театри лӯхтак (нигар Зочабозӣ), ки то солҳои 20 асри 20 ривоҷ ёфта буд. Зочаро асосан аз чӯби бед сохта, бо рангҳои гулобӣ ё зарди паст ранг карда, ба рӯяш сурати чашм, абру, даҳон, мӯй­лаб, риш мекашанд. Бадани зоча аз найи ковок (дарозиаш 6–8 см) иборат буда, ба он курта мепӯшонанд. Ба даруни остин пӯсти қаткардаи найчамонандро мегузоранд. Дар лаби остин панҷаҳоро устувор карда медӯзанд. Панҷаҳо аз чарм ё ресмони сафед сохта мешаванд. Нӯги панҷаҳо бо ресмони зарди баланду сурх кашидадӯзӣ мешавад, ки он нохуни рангинро ба хотир меорад. Рӯи зочаҳои «зан» нис­батан хурд буда, бо зулфҳои қаҷу хол оро дода шудаанд, инчунин кокулчаҳо, ҷамо­лак, тоқии зардӯзӣ ва рӯй­мол доранд. Рӯи зочаҳои «мард» дароз ва биниашон калонтар аст. Дар офаридани намуди зоҳирии зочаҳо услуби реалистиро риоя мекунанд. Пештар дар гардани чӯбини зоча нишонае мебуриданд, ки «бисмил» ном дошт ва тимсоли ҷасади мақтул буд. Ба ҳаракат даровардани зоча дар давраи ислом манъ аст. Ҳоло зочаҳоро аз ашёи гуногун (чӯб, картон, резин, латта) месозанд.