Зочабозӣ
Зочабозӣ, лӯхтакбозӣ — як намуди театри анъанавии халқи тоҷик, ки дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд омада, таърихи қадим дорад.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ш-ҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Ғончӣ бештар маъмул буд. Дастаи зочабозон, маъмулан, аз 4–5 нафар (зочабоз, нақорачӣ, сурнайчӣ, дойрадаст, қайроқбоз) иборат буд. Ба онҳо шӯъбада, шербоз, аспакбоз (дар Бухоро) низ ҳамроҳ мешуданд. Дар ҳар даста ду нафар ҳунарманд нақш меофарид: яке зочабоз, ки аз паси парда лӯхтакҳоро ба бозӣ дароварда, ба ҷои онҳо сухан мегуфт. Дуввумӣ барномаи бозиро роҳбарӣ мекард, ки ӯро «корфармон» низ мегуфтанд. Зочаҳо андозаи мухталиф доштанд. Онҳоро бо ресмон, ангушт ё фишанг, баъзеашонро бо чӯб ё сим баста ба ҳаракат медароварданд. Чеҳраву андоми зочаҳо вобаста ба нақши доштаашон рангубор мешуд.
Наъвҳои Зочабозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зочабозӣ се навъ дошт: чодирхаёл, чодири дастӣ ва зочаи бечодир. Зочабозӣи чодирхаёл намоиши васеътар дошта, дар он 3–4 нафар нақш меофариданд. Дар саҳначаи пардадор (баландиаш 60–65 ва бараш 180 см) зочаҳои тақр. 0,5 м қаддоштаро ба воситаи ресмонҳое, ки ба сару миён ва дасту пояшон баста мешуданд, ба ҳаракат медароварданд. Каҳрамонҳои ин навъи театр зочаҳо – лӯхтакҳои рангоранги дар шаклҳои одам, ҷонварон ва дигар махлуқот сохташуда буданд, ки шумораи онҳо дар Самарқанду Бухоро то ба 200 адад мерасид. Дар байни онҳо зочаҳои «сарбоз», «раққос», «усто», «боғбон», «танбал», «бангӣ», «бадмаст», «хирс», «хар» ва ғ. зиёд буданд. Намоиши Зочабозӣи чодирхаёлро дар Бухоро дар ҷашни арӯсӣ (шабона дар болои бом) барпо мекарданд. Баъзан (дар Хуҷанду Самарқанд) дар сайрҳои наврӯзӣ зочабозон ҷои серодамро интихоб карда, хайма мезаданд ва намоишҳои пулакӣ ташкил мекарданд. Намоиш 30–40 дақ. идома меёфт. «Саркардаҳо» ва «Подшоҳу вазир» аз намоишҳои машҳури Зочабозӣи чодирхаёл буданд, ки дар солҳои 20 асри 20 аз байн рафтаанд. Дар Зочабозӣи чодири дастӣ ҳунарманд дузону нишаста, домани васеи либосашро ба сар мекашид ва зочаро аз паси доман бо ду даст бозӣ медоронд. Ҳайати ҳунармандон 3–4 нафар (дар Бухоро 6–7 нафар) буданд. Дар Хуҷанд «табақбоз» – раққосе, ки нағмаву найрангҳои ҷолиб мекард, низ ба ҳайати зочабозон ҳамроҳ мешуд. Ин навъи Зочабозӣ дар бозорҳо, лаби ҳавз, баъзан дар боғ намоиш дода мешуд.
Навъи дигари Зочабозӣ – зочаи бечодир асосан дар Бухоро ва н. Ғиждувон маъмул буд. Дар ин навъи Зочабозӣ зочабоз дар болои суфа ё кат рӯболо мехобид ва ҷомаро ба болояш кашида, зочаҳоро аз даруни остин ба ҳаракат медаровард. Зочаҳо хурд ва ба панҷаи зочабоз мувофиқ сохта шуда буданд. Ин намуди Зочабозӣ бештар дар ҳавлиҳо, дар болои суфаҳо баргузор мешуд. Зочабозии чодирхаёл, асосан дар ҷашну тӯйҳои калон, Зочабозӣҳои чодири дастӣ ва бечодир ба муносибати таваллуди тифл барпо мешуданд. Ба барномаи зочабозон намоишҳои «Полвонкачал», «Офтобхону Моҳтобхон», «Бекниёз», «Бойбангӣ» ва ғ. дохил мешуданд. Барномаи Зочабозӣ гуногун буда, паҳлуҳои мухталифи зиндагии ҷомеаро таҷассум мекард. Зочабозӣро бо ишора ба дастаи навозандагони онҳо «сурнайчиҳо» ва «нағорачиҳо» низ мегуфтанд. Ҳоло дар ш. Душанбе Театри давлатии лӯхтак фаъолият мекунад, ки анъанаҳои театри халқиро инкишоф дода, барномаҳои рангину ҷолиб пешниҳод менамояд.
Зоча (лӯхтак, луъбат, арӯсак) дар ҳама давру замонҳо бозичаҳои дӯстдоштаи кӯдакон, хусусан духтарчаҳо буд. Ҳоло бозии маъмулии духтараконро бо лӯхтак Зочабозӣ, лӯхтакбозӣ ё арӯсакбозӣ мегӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зочабозӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.