Зоғобӣ
| Зоғобӣ | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Зоғобӣ (лот. Myophonus caeruleus) — як навъ паранда. Мансуби оилаи дурроҷиҳост.
Зоҳиран ба зоғи сиёҳ шабоҳат дошта, танҳо бо болу пари кабудрангаш аз он фарқ мекунад. Дарозиаш 320–342 мм, болаш 178–185 мм, думаш 140–150 мм, вазнаш 130–195 г (модинааш хурдтар аст). Парҳои фарқи сар, гардан ва тани зоғобӣ сиёҳ буда, нӯги онҳо ҷило медиҳад. Нӯлаш зард, пойҳояш сиёҳ. Зоғобӣ дар Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Таиланд, Маҷористон ва Осиёи Марказӣ вомехӯрад. Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I, Шуғнон, Ванҷ ва Вахон (дар баландиҳои 1100–2800 м аз с. б.) маскун аст. Парандаи гармидӯст буда, бештар дар наздикиҳои об, ҷойҳои соя ва зери шахпораҳои ба дарё наздик аз ушнаву решаву пояи рустаниҳо лона месозад (онро 10–12 сол истифода мебарад). Ба лонаи зоғобӣ бояд нури офтоб ва чакраҳои об расад. Ҷуфти зоғобӣ доимӣ буда, тамоми сол онҳо яз якдигар ҷудо намешаванд. Модинааш охирҳои май – аввалҳои июн 4–5 тухм (рангаш сафед буда, холҳои ҷигарӣ дорад) мегузорад. Тухмҳоро бештар зоғобӣи модина мехобонад (16–17 рӯз). Моҳи июл чӯҷаҳои зоғобӣ парвозӣ мешаванд. Ғизои зоғобӣ ҳашарот ва кирминаи онҳост; зимистон тухму меваи рустаниҳоро мехӯрад. Зоғобӣ дар солҳои сербарф аз ҷойҳои лонагузории худ ба ҳамвориҳо мекӯчад. Зоғобӣ ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Барои лонагузорӣ ва зиёд кардани шумораи зоғобӣ шароити мамнӯъгоҳи «Ромит», парваришгоҳҳои «Қӯсавлисой», «Сангвор» ва Пойгоҳи ботаникии кӯҳии Кондара мусоид аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоғобӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.