Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зоғон-Зоғон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
«Зоғон-Зоғон», як намуди бозии писарону духтарони тақрибан 10–15-сола, ки дар фаслҳои баҳору тобистон бар­по менамоянд. Ин бозӣ бештар дар байни кӯдакону нав­расони водии Ҳисор маъмул аст. 10–20 нафар кӯдак дар боғ ё майдони кушод ҷамъ шуда, аввал якеро барои иҷ­рои нақши «гург» интихоб менамоянд. Сипас онҳо ба ду гурӯ­ҳи баробар тақсим мешаванд. Гурӯҳи духтарон аз як тараф ва писарон аз тарафи дигар ҷой мегиранд. «Гург» дар байни майдон меистад. Аъзои ҳар ду гурӯҳ нақши «зоғ­ҳо»-ро бозӣ мекунанд. Дар байни «зоғон» ва «гург» чунин муколама сурат мегирад:

Як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар: Зоғон, зоғон!
Гурӯҳи дуюм: Қар-қар!
Гурӯҳи аввал: Мо метарсем.
Гурӯҳи дуюм: Аз чӣ?
Гурӯҳи аввал: Аз гург.
Гурӯҳи дуюм: Гург дар куҷост?
Гурӯҳи аввал: Дар адир.
Гурӯҳи дуюм: Чӣ кор карда истодааст?
Гурӯҳи аввал: Ба шикор баромадааст.

Сипас «зоғон» бо чобукӣ ҷойҳои худро иваз менамоянд, то ки ба дасти «гург» наафтанд. Ҳангоми ҷойивазкунӣ «гург» «зоғон»-ро таъқиб намуда, кӯшиш мекунад, ки онҳоро даст­гир намояд. «Зоғон»-и дастгиркардаашро дар як ҷо ҷамъ меорад. Бозӣ ҳамин тавр идома меёбад. «Зоғ­ҳо»-и ка­дом гурӯҳе, ки бештар ба дасти «гург» меафтанд, мағлуб дониста мешаванд.

== Эзоҳ ==