Зоғча
| Зоғча | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | |||
| Номи илмӣ | |||
| Coloeus monedula | |||
| |||
Зоғча (лот. Coloeus monedula) — парандаест аз ҷинси зоғҳо.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозиаш 34–39 см, вазнаш 175–280 г. Пару болаш сиёҳтоб, сару гарданаш хокистарии нуқрагун. Инабияи чашмаш сафед, гоҳо сабзи баланд ё кабудча. Бештар дар қисми ғарбии Авруосиё (ғайр аз шимоли Скандинавия) ва Африқои Шимолӣ дучор меояд. Парандаҳои шимолӣ ва шарқӣ кӯчӣ буда, зимистонро дар ҷануби ареали худ мегузаронанд. Зоғча дар шахсори соҳилҳо, ҷангалҳои камдарахт, маҳалҳои аҳолинишин, иморатҳои куҳна ва амсоли онҳо зиндагӣ мекунад. Зимистон селаи зоғчаҳоро дар кӯчабоғи шаҳрҳо низ метавон дучор омад.
Зоғча дар Тоҷикистон парандаи муқаррарист. Тобистонро дар кӯҳҳо (баландии 1500–4000 м аз с. б.), зимистонро дар доманакӯҳҳо ва ҳамвориҳо мегузаронад. Дар иморатҳои куҳна, симчӯбҳо, пулҳои калон лона мегузорад. Зоғчаи модина моҳи апрел 4–6 тухм гузошта, онҳоро 17–18 рӯз мехобонад. Чӯҷаҳо баъди 30–35 рӯзи аз тухм баромаданашон парвозӣ мешаванд. Ғизои зоғча ҳашарот, кирм, меваҳои афтода, тухми рустанӣ, партовҳои рӯзгор ва ғ. мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоғча // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.