Зоғ (оҳанг)
Намуди зоҳирӣ
«Зоғ» 1) оҳанги мавсимию маросимии аҳди Сосониён (222–651), ки онро Борбади Марвазӣ барои ҷашну маросимҳои Хусрави Парвиз (570–628) ва ба муносибати иди Наврӯз эҷод кардааст. «Зоғ» асари мусиқии ниёишии бидуни матн буда, устодони мусиқӣ онро дар ҷашну ташрифоти дарборӣ ба тариқи замзама (бо соз ё бидуни соз) иҷро менамуданд; 2) гӯшаи мусиқии тавсифӣ-ороишӣ дар мақоми «Зерафканд» («Дувоздаҳмақом», асрҳои 13–14):
Ки ба сарир омад чун мурғи боғ,
Нағмаи булбул зада аз қавли Зоғ.
Амир Хусрави Деҳлавӣ.
Дар маъхазҳои мусиқии асрҳои баъдӣ аз ин гӯшаи мусиқӣ дар таркиботи мақом маълумоте дода нашудааст. Дар фарҳангҳои тафсирӣ, адабиёти бадеӣ «Зоғ» танҳо ба сифати оҳанг тавсиф шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Зоғ» // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.