Зоҳир Дӯстматов
| |
Таърихи таваллуд: | 10 феврал 1914 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 6 феврал 1967 (52 сол) |
Маҳалли марг: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, коргардони театр |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 10872551 |
Зоҳир Дӯстматов (10 феврал 1914, Хуҷанд, генерал-губернатории Туркистон — 6 феврал 1967, Душанбе) — коргардони театр, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик ва шӯравӣ. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1957).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зоҳир Дӯстматов 10 феврали 1914 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро соли 1941 хатм карда, муддате дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият доштааст, солҳои 1942—1945 ҳунарпеша ва коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд, аз соли 1946 то поёни умр ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ буд.
Нақшҳо дар театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар театр дар пиесаҳои
- «Шаби 28» Икроми — Сартарош
- «Тӯҳфа барои хушхабар» Зокиров — Тешабобо
- «Таърифхоҷаев» А. Деҳоти ва Б. Раҳимзода — Акталиев
- «Любов Яровая» — Горностаев ва диг. нақшҳоро офаридааст.
Филмошиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар синамои тоҷик дар филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Чароғ дар кӯҳсор», «12 соати ҳаёт», «Коваи оҳангар», «Қисмати шоир», «Марги судхӯр» ва ғайра нақш офаридааст. Барҷастатарин комёбии эҷодиаш симои Қорӣ Ишкамба аз филми бадеии «Марги судхӯр» мебошад, ки ӯ хислату характери қаҳрамонашро ҳамаҷиҳата кушода тавонист[1].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз шудааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 10 феврал
- Зодагони соли 1914
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 6 феврал
- Даргузаштагони соли 1967
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ