Зоҳир ва ботин
Зоҳир ва ботин ( форсӣ: ظاهر و باطن) — дар маорифи исломӣ ду мартабаи вуҷуди як ҳақиқати Ҳақ.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Зоҳир калиде барои шинохти ботин мебошад, зеро Зоҳир биззот ҳақиқати сифоти Ҳақро ифода мекунад, ки онро ғайри худи Ӯ чизи дигаре зоҳир накардааст ва мазҳараш махлуқоти муҷарраду моддии офаридаҳояш мебошанд. Ботин биззот он аст, ки чизи дигаре, ба ҷуз Ҳақ, ботин дошта наметавонад. Танҳо Ӯ дар зоти Худ ботине дорад, ки он барои авом ва аҳли илм пӯшида буда, фақат аҳли басират ва баргузидагон бо роҳи пурпечутоби сайру сулук ва таъвилу тафсир ин умури пӯшидаро ошкор мекунанд. Зоҳир ва ботин бештар ба исмоилия ва тасаввуф ихтисос дода шуда буд. Зоҳирпарастон танҳо маънои таҳтуллафзӣ ва зоҳирии Қуръонро эътироф мекарданд. Пайравони ботин, ки дар ибтидо онҳоро ба шохаҳои исмоилиён (сабъия, бобакия, муҳаммадия ва ғ.) нисбат медоданд, муътақид буданд, ки ҳар зоҳире ботин дорад ва Қуръон низ ботин дошта, барои ба даст овардани матлаби аслии матни он бояд аз усули таъвил истифода кард. Тибқи таълимоти онҳо, Қуръон пур аз рамзу тамсил ва тобишҳои маъноӣ буда, барои дарки матни аслии он илми ботин лозим аст.
Китоби Худо дорои чаҳор рамз аст: иборат, ишорат, латоиф ва ҳақоиқ. Иборат барои авом, ишорат барои хоссон, латоиф барои авлиё ва ҳақоиқ барои анбиё аст. Носири Хусрав мегӯяд, ки шариат зоҳири ҳақиқат ва ҳақиқат ботини шариат аст. Зоҳир бо даври олам дар ҳоли дигаргунист, аммо ботин баёнгари қудрати илоҳӣ буда, дигаргуниро намепазирад. Исмоилиён ҳангоми таъвил ва суфиён ҳангоми дарки исмҳои илоҳӣ барои дарёфти ҳақиқат ба чунин нукта истинод мекарданд, ки оёти муҳкамот таҳти таъвил қарор нахоҳанд гирифт, балки танҳо оёти муташобеҳотро метавон мавриди таъвил қарор дод. Дар тасаввуф асмои илоҳие ба унвони «исмҳои мустаъсира» вуҷуд доранд, ки ҳаргиз зоҳир намегарданд ва дар мақоми ғайбулғуюби Ҳақ «би шарти ло» дар зоти аҳадият боқӣ мемонанд. Олами зоҳир танҳо як мартабаи вуҷуд дар олами ҳастӣ дорад, аммо умури ботинӣ дорои маротиби зиёд мебошанд.
Дар назми ирфонӣ ошиқ дар сайри маънавии худ зинаҳои зебоиро аз тариқи зоҳир тай карда, шиносоӣ бо ҳар мартабаи ботин ӯро ба ҷамоли илоҳӣ наздиктар мегардонад:
Чӣ донӣ ту, ки дар ботин чӣ шоҳе ҳамнишин дорам,
Рухи заррини ман мангар, ки пое оҳанин дорам!
Гаҳе Хуршедро монам, гаҳе дарёи гавҳарро,
Даруне аз фалак дорам, бурун зулли Замин дорам.
Ҷалолуддини Балхӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоҳир ва ботин // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.