Зубайр ибни Аввом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зубайр ибни Аввом
араб. ар. الزبير بن العوام
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: сиёсатмадор, шоир
Таърихи таваллуд: 594
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 декабр 656(0656-12-04)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Эътиқод: ислом[1]
Падар: Awwam ibn Khuwaylid[d]
Модар: Safiyyah bint ‘Abd al-Muttalib[d]
Ҳамсар Асмо бинти Абубакр[1], Umm Kulthum bint Uqba[d][1], Atika bint Zayd[d][1], Q25453700?[1] ва Q25453774?[1]
Фарзандон: Urwah ibn Zubayr[d], Абдуллоҳ ибни Зубайр, Mus'ab ibn al-Zubayr[d], Q20420135?, Q25453705?, Q16119564?, Hamza ibn az-Zubayr[d], Q12205561? ва Q20414956?
Ҷанг:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абӯабдуллоҳ аз-Зубайр ибн ал-Аввом (ар. الزبير بن العوام594 , Макка — 656, Басра) — яке аз муҳиммтарин саҳобаҳои Муҳаммад (с) буд ва аз сӯи ӯ мулаққаб ба ҳавории вай гардид ва ба ривояти ашараи мубашшира, ки дар миёни аҳли суннат шоеъ аст, ҷузви 10 тане аст, ки Муҳаммад (с) ба онҳо биҳиштро ваъда дод. Вай ҳамчунин ҷузви шӯрое аст, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар ҳангоме, ки дар бистари марг буд, ташкил дод. Решаи номи Зубайр аз калимаи зибр, тайалбаър билҳиҷора гирифта шуда, ки ба маънои чоҳи санг ё марди қавӣ аст.[2]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Модараш Сафия духтари Абдулмуталлиб аммаи Муҳаммад буд. Яъне Зубайр писараммаи Муҳаммад (с) будааст. Чун Аввом падари Зубайр бародари Хадиҷа бинти Ҳувайлид ҳамсари паёмбар буд. Зубайр ибни Аввом писардоии Фотима духтари Муҳаммад аст. (Аз ҷиҳати ҳамсарии Хадиҷа, Муҳаммад шавҳари аммаи ӯ низ будааст). Модараш ӯро ба кунияи бародараш Зубайр ибни Абдулмуталлиб (Абӯтоҳир) садо мекард.

Зубайр аз нахустин исломоварандагон ва ба қавле чаҳорумин ё панҷумин марде буд, ки мусулмон шуд. Манобеъ бар рӯйи синнаш ҳангоми мусулмон шудан муттафиқулқавл нестанд, вале машҳуртарин синни вайро метавон 16 сол ба ҳисоб овард. Бино ба ривояти Ибни Исҳоқ, халифаи аввал вай ва чаҳор нафари дигаре, ки баъдҳо узви шӯро шудандро тарғиб ба мусулмон шудан намуд. Ривояте вуҷуд дорад, ки ба василаи оли Зубайр нақл шудаанд ва ҳокӣ аз он аст, ки вай дар 8-солагӣ мусулмон шуда ва дар 12-солагӣ барои ҳифзи ҷони Муҳаммад шамшер кашид ва вайро аввалин касе ном мебаранд, ки дар роҳи Худо шамшер кашид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 арабская Википедия — 2003.
  2. al-ZUBAYR b. al-ʿAWWĀM. Encyclopédie de l’Islam. 9 марти 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Али-заде А. А. Зубайр ибн Аввам // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — С. 285. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • al-Zubayr b. al-ʿAwwām / I. Hasson // Encyclopaedia of Islam. 2nd ed : [англ.] : in 12 vol. / ed. by P. J. Bearman, Th. Bianquis, C. E. Bosworth, E. van Donzel, W. P. Heinrichs et al. — Leiden : E.J. Brill, 1960—2005. (платн.)