Зулбаҳрайн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зулбаҳрайн, Зубаҳрайн (ар. ذوالبحرین‎ — дорои ду баҳр), дар илми бадеъ яке аз санъатҳои лафзист. Шеърест, ки ба ду баҳри арӯз хонда мешавад:

Ғунчаи гулшакари ӯ дилрабой,
Ғамзаи ҷонпарвари ӯ дилкушой.
Сад дилу ҷон хастаи абруш буд,
Сад тану сар бастаи гесуш буд.
Аз гули ӯ сунбули тар тоб дошт,
В-аз маҳи ӯ дидаи ҳур об дошт.
Ахтари ӯ талъати тобанда дошт,
Чокари ӯ давлати поянда дошт.

Агар баъзе калимаҳои абёти болоиро қувватноктар хонем, баҳри рамали мусаддаси мақсур — фоилотун / — v — — /, фоилотун / — v — — /, фоилон / — v ~ / ва агар сабуктар хонем, баҳри сареъи мусаддаси матвии мавқуф — муфтаилун / — vv — /, муфтаилун / — vv — /, фоилон /- v ~ / мешавад. Маснавиҳои «Маҷмаъу-л-баҳрайн»-и Котиби Туршезӣ ва «Юсуф ва Зулайхо»-и Амъақи Бухороӣ дар санъати З. суруда шудаанд. Тамоми абёти ин ду маснавӣ дар баҳрҳои рамал ва сареъ хонда мешаванд. Баъзе ғазалҳои машҳури шоирони бузурги адабиёти классикии форс-тоҷик — Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигаронро вобаста ба иваз намудани тақтеи шеър дар ду баҳри мухталиф метавон хонд. Мас., агар байти зери Ҳофизро:

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

ба таври:

мафъӯлу / фоилотун / мафъӯлу / фоилотун
– – v / – v – – / – v – – / –v – –

тақтеъ кунем, баҳри музореи мусаммани ахраб ва агар ба таври:

мустафъилун / фаӯлун / мустафъилун / фаӯлун
– –v – / v – – /– – v – / v – –

тақтеъ намоем, мунсареҳи мусаммани махбуни макшуф мешавад. З. бо номи муталаввин дар санъати шеърӣ низ машҳур аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]