Jump to content

Зулфия Атоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфия Атоӣ
Зулфия Атоуллоева
Таърихи таваллуд: 15 июн 1954(1954-06-15) (70 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Деваштич ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Солҳои эҷод: 1974 — то ҳол
Жанр: қисса, ҳикоя
Забони осор: тоҷикӣ

Зулфия Атоӣ (Зулфия Атоуллоева; зод. 15 июни 1954, ноҳияи Ғончӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — шоира, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1979), узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1980). Шоири халқии Тоҷикистон (2011), Барандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15 июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назм таҳсилро давом дод.

Соли 1977 баъди хатми Институти адабии ба номи М. Горкий ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») бо кори рӯзноманигорӣ машӻул гашт. Ӯ аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза») ба ҳайси мудири шӯъба: аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Дар солҳои 1993—2015 сардабири маҷаллаи «Фирӯза» буд[1].

Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд. Зулфия Атоӣ дар наср низ қувва меозмояд. Қиссаи ӯ «Ғамро намефурӯшанд» ва дигар мақолоту ҳикоёташ дар қисми дуввуми дуҷилдаи «Зулфи парешон» гирд омадаанд. Дар сафи аҳли адабиёту фарҳанг ба кишварҳои Эрон, Покистон, Русия, Украина, Ҳоланд, Олмон, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва ғайраҳо сафари эҷодӣ анҷом додааст.

  • «Ҷиҳоз» (1977),
  • «Дидор» (1980),
  • «Меваи сабр» (1982),
  • «Зочаи хушрӯи ман» (1984),
  • «Духтари дарё» (1986),
  • «Ишқи як зан» (1992),
  • «Ситораи ваҳшӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1997),
  • «Ситораи Муштарӣ» (1998),
  • «Зан агар ошиқ шавад» (2001),
  • «Зулфи парешон» (дар ду ҷилд, 2002),
  • «Паррандаи баҳорӣ» (ба забони русӣ, 2004),
  • «Сояи зулф» (2005),
  • «Девони зулф» (2009).
  • «Бе ситора нестам…» (2019)[2]
  • Инчунин мураттиб ва муҳаррири китобҳои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд, эй ишқ» ва ғайраҳост.

Ҷоизаву ифтихорот

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • соли 1995 барандаи ҷоизаи Созмонии ҷавонони ҷумҳурӣ мебошад;
  • соли 1997 бо ордени «Шараф» қадрдонӣ шудааст;
  • соли 2005 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор дониста шуда буд;
  • соли 2010 ба ифтихори комёбиҳо дар адабиёт бо унвони олии адабии Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудааст;
  • соли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени «Дили Данко» сазовор донистаанд;
  • Ҳамчунин узви ифтихори Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст;
  • Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маркази ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июни соли 2018 — дар зодрӯзи адиби тоҷик дар кайҳон ситораеро таҳти рақами 25290¬_415 ба номи «Зулф» сабти ном карданд[3].

  1. Тағйироти кадрӣ дар "Чашма" ва "Фирӯза"(тоҷ.). Радиои Озодӣ (15 май 2015). 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. Sputnik Тоҷикистон. "Бе ситора нестам": нашри китоби нави Зулфия Атоӣ(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (30 апрели 2019). 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  3. Sputnik Тоҷикистон. Ситорае дар кайҳон ба номи адиби тоҷик "Зулф" гузошта шуд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20180629T1040+0500). 8 апрели 2021 санҷида шуд.
  • Адибони Тоҷикистон. — Душанбе, 2003