Темур Зулфиқоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Темур Зулфиқоров
Зулфиқоров Темур Қосимович
Темур Зулфиқоров.jpg
Темур Зулфиқоров - тобонтарин ситораи тоҷики адабиёти рус
Зодрӯз:

17 август 1936(1936-08-17) (80 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Шаҳрвандӣ:

Парчами СССР ИҶШС Парчами Русия Русия

Намуди фаъолият:

шоир, романнавис ва намоишноманавис

Забони осор:

русӣ

http://zulfikarov.narod.ru

Зулфиқоров Тимур (Зулфиқоров Темур Қосимович; 17 августи соли 1936, Душанбе) — шоир, романнавис ва намоишноманависи русзабони тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири “тройка” қарор мегирад. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муҳаққиқони муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки гӯишҳои ҳисориро мавриди пажуҳиш қарор дода, ҳамзамон яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ” буд.

Таҳсилот[вироиш]

Темур Зулфиқоров аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.

Эҷодиёт[вироиш]

Аввалин асаре, ки худи Зулфиқоров аз он зиёд ёд мекунад ва қадамаш ба адабиётро низ аз он медонад, “Достони марги Амир Темур” буд, ки соли 1971 интишор ёфт. Ва баъди он тадриҷан повесту романҳо ва қиссаҳояш яке паси дигар рӯйи чопро диданд ва имрӯз ин нависандаи маъруф соҳиби 20 китоби назму наср аст, ки дар солҳои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллиард нусха ба беш аз 12 забони олам нашр шудааст.

Бахусус, романҳояш дар бораи Хоҷа Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагораш “Сафари заминӣ ва осмонии шоир” миёни ҳаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Соли 1993 ин асар беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи британиёии “Коллетс” шуд.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Баъди соли 2000 Темур Зулфиқоров ду маротиба ба ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод кардаанд, вале пазуруфта нашуд. Темур Зулфиқоров барандаи чандин ҷоизаи дигари адабист. Аз ҷумла барои “Барҷастатарин осори адабии рус” соли 2004 романи машҳураш “Масали тилоии Хоҷа Насриддин” сазовори ҷоизаи “Ясная Поляна” шуда буд. Соли 2005 романи “Коралловая Эфа”-и ӯ “Беҳтарин китоби соли 2005” дониста шуд. Соли 2008 сазовори ҷоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои беҳтарин сенария дар Ҳоливуд ҷоизаи «Хартли-Мерилл»-ро соҳиб шуд. Соли 2011 романи “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад (с)” дар озмуни умумирусиягии “Пайғамбар Муҳаммад (с)-раҳмат барои оламиён” ғолиб дониста шуд.[1]

Баҳои эҷодиёти шоир[вироиш]

Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки:

“Шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад”.

— Аниса Собирӣ

Адиби шинохта Анатолий Ким, ки мегӯяд Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, бар ин назар аст, ки дар Русия қадрашро надонистаанд. Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад.

Профессор Артём Таласов мегӯяд:

“Барои рамзкушоии Зулфиқоров шумо ба як муассисаи адабӣ, фалсафӣ ва адёншиносӣ ниёз пайдо хоҳед кард”.

— Артём Таласов

Ва ҳамаи ин адибону мунаққидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиқоров як нобиғаи ҳанӯз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст.

Осор[вироиш]

  • «Поэмы странствий» — М.: Молодая гвардия, 1980, 480 с.
  • «Две легенды о любви» — Душанбе: Ирфон, 1980, 204 с.
  • «Мудрецы, цари, поэты» — М.: Известия, 1983, 430 с.
  • «Эмиры. Мудрецы. Поэты» — Душанбе: Ирфон, 1983, 384 с.
  • «Таттабубу» — М.: Советский писатель, 1984, 344 с.
  • «Охота царя Бахрам-Гура Сасанида» — Душанбе: Ирфон, 1986, 384 с.
  • «Возвращение Ходжи Насреддина» — Душанбе: Маориф, 1987, 4809с.
  • «Первая любовь Ходжи Насреддина» М.: Советский писатель, 1989, 704 с.
  • «Земные и небесные странствия поэта» — М.: Молодая гвардия, 1990, 446 с.
  • «Любовь, мудрость, смерть дервиша» — Душанбе: Адиб, 1990, 526 с.
  • «Лазоревый странник на золотой дороге» — М.: Современник, 1991, 382с.
  • «Избранное» — М.: Терра, 1992, 752 с.
  • «Книга смерти Амира Тимура» — Минск: Белади, 1998, 192 с.
  • «Алый цыган» — М.: Московский писатель, 1999, 424 с.
  • «Суфийский Декамерон» — М.: Русь, 2000, 18 с.
  • «Лазоревый странник» — М.: Молодая гвардия, 2002, 543 с.
  • «Камень апокалипсиса» — М.: Хроникёр, 2003, 432 с.
  • «Золотые притчи дервиша» — Семипалатинск: МКА, 2004, 227 с.
  • «Золотые притчи Ходжи Насреддина» — Новосибирск:Университет, 2004,494с.
  • «Коралловая Эфа»- Тула: И/Д Ясная Поляна, 2005, 268 с.
  • «Книга Детства Иисуса Христа» — Новосибирск: Readable Minds, 2006, 121 с.
  • «Горькая беседа двух мудрецов-златоустов в диких медвяных травах» — Тула: Гриф и К, 2006, 280 с.
  • «Избранное» — М.: Издательский дом ПоРог, 2007.-560с.

Дар соли 2009 дар нашриёти «Художественная литература» эҷодиёти ҳафт ҷилдаи Темур Зулфиқоров ба нашр мерасад.

Осор бо забони тоҷикӣ[вироиш]

Аввалин асари Зулфиқоровро бо замони тоҷикӣ нависандаи хушкаломи тоҷик, марҳум Муҳаммадзамони Солеҳ тарҷума кард. Ба ин тарҷума худи адиб баҳои баланд додаву гуфта буд, ки аз асл беҳтару равонтар аст. Баътар нависандаи тавонои тоҷик Нур Табаров низ чанд асари ӯ, аз ҷумла “Афъимори марҷонӣ”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Марг нест”, “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” (с)-ро ба тоҷикӣ баргардонд, ки ҳоло дар шакли китоб дар “Адиб” нашр шудааст.

Филмномаҳо[вироиш]

Темур Зулфиқоров муаллифи сенариё ба бештар аз 20 филми ҳунариву мустанад аст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун чун беҳтарин сенариё эътироф шудаву соҳиби ҷоизаҳо гаштаанд. Аз ҷумлаи ин сенарияҳо ба филмҳои “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Инсон аз пайи паррандаҳо меравад”, “Мурғи сиёҳ ва ё сокинони зеризаминӣ”, “Сароби ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило” ва ғайра мебошанд.[2]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Сомонаи расмӣ
  2. Шоми эҷодии Темур Зулфиқоров дар Душанбе — «ASIA-Plus»

Сарчашма[вироиш]