Jump to content

Зурвон (эзад)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зурвон (эзад)
Мифология зурвония
Пол androgynos[d]
Дети Аҳура Маздо ва Аҳриман
В иных культурах Father of Greatness[d]

Зурвон, Зрвана акарена — худои яке аз оинҳои аҳди қадими ориёиҳо; дар забони паҳлавӣ «замон» номида, ҳамчун фириштаи «замони бекарон» муаррифӣ шудааст.

Дар «Минуи хирад» ва «Позанд» бо номи «Зурвони дрангхудой» омадааст. Бинобар ба унвони падари ду «гавҳари ҳамзод» — Ҳурмузд ва Аҳриман шинохта шудани Зурвон таъсири зурвония ҳам дар дини маздоиву меҳрпарастӣ ва ҳам дар таълимоти зардуштияву монавия мушоҳида мешавад. Номи Зурвон дар навиштаҳои муаррихон ва мубаллиғони масеҳии арманӣ, сурёнӣ, дар «ал-Милал ва-н-ниҳал», «Уламои ислом» ва баъзе матнҳои зардуштӣ, ба монанди «Готҳо» (Ясно, ҳоти 30/3) омадааст. Донишманди юнонӣ Беросус (асри 4) ва яке аз олимони ҳавзаи Искандария Мусои Хуранӣ (асри 4) дар таҳқиқоташон аз Зурвон ном бурдаанд. Зурвон-ро дар эзадкадаи худоёни Ҳинду Эрону Рум бо Браҳма, Кронос ва Сатурн яке медонанд.

Теодос де Попсуест роҷеъ ба Зурвон асаре навишта, Плутарх низ дар ривоятҳояш аз Зурвон ёд кардааст. Эзник де Котд, муаррихон Адамуси Родосӣ, Дамаскиус, Теодори Борхунӣ низ дар таҳқиқоташон ба Зурвон ишора кардаанд. Достони ривоятии Зурвон-ро Эзник де Котд чунин оварда: "Пеш аз он ки олам офарида шавад, қабл аз Осмону Замин ва махлуқи дигар, вуҷуди басити ҳақиқӣ мавҷуд буд. Вай муддати ҳазор сол ибодат ва қурбонӣ кард, то аз ӯ фарзанде бо номи Ҳурмузд таваллуд шавад, ки Замину Осмон ва Оламро биофаринад. Чун ҳафтсад сол аз он ҳазор сол гузашт, дар дилаш шак пайдо шуд, ки оё ин қурбониву ибодати ӯ ба самар хоҳанд расид? Зурвон аз ибодату қурбонӣ Ҳурмуздро ва аз шакки овардааш Аҳриманро обистан шуд ва чун аз ин ҳолаш огоҳӣ ёфт, қарор дод, ки кадоме аз онҳо зудтар ба дунё ояд, зимоми ҳукумати шоҳиро ба ӯ хоҳад дод. Ҳурмузд, ки дар батни падар аз зиракӣ бархӯрдор буд, аз ин андешаи падар огоҳ шуд ва дар ин бора ба бародараш Аҳриман хабар дод. Аҳриман, чун майл ба корҳои зишт дошт, бо шунидани тасмими падар, шиками падарро «бидарид» ва қабл аз Ҳурмузд дар назди ӯ ҳозир шуд. Дар ин ҳангом Ҳурмузд низ бо роҳи табиӣ таваллуд шуд. Зурвон Ҳурмуздро ҷавони нуронӣ дарёфт ва хост, ки зимоми ҳукумати ҷаҳон (фарри каёнӣ)-ро ба ӯ супорад, вале Аҳриман боисрор аз падар талаб кард, ки дар тасмими қаблан гирифтааш вафодор бимонад ва зимоми ҳукуматро ба ӯ супорад. Зурвон ба Аҳриман гуфт: «Эй мавҷуди палид, нуҳ ҳазор сол аз фармонравоӣ бар ҷаҳонро ба ту медиҳам, аммо пас аз он фармонравоӣ бар олам аз они Ҳурмузд хоҳад буд ва фармону иродаи ӯ иҷро хоҳанд шуд».

Он гоҳ офариниш дар ҷаҳон шурӯъ шуд; он чӣ Ҳурмузд меофарид, хубу судманд ва он чӣ Аҳриман меофарид, зишту бадҳайбат ва зарарнок буд. Қисмати муҳимми устураи Зурвон ҳамон боварӣ ва шакки ӯ дар мавриди ба вуҷуд омадани ду «гавҳари ҳамзод» мебошад. Дар ин бора фикру мулоҳизаҳои муҳаққиқон гуногунанд, вале он чӣ дар ин ривоят мусаллам аст, гузариш аз марзи устура ба афкори фалсафӣ аст, зеро дар он аввалин нишонаҳои офариниши олам матраҳ гардидааст. Гавҳарҳои ҳамзод дар ин сурат мусаввирону омилони офаринишанд, ки оламро аз вазъияти мутлақ ба ҳолати муқайяд дармеоваранд ва боиси пайдо шудани олам мегарданд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]