Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зуфобиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зуфобиҳо
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Зуфобиҳо (лот. Alismatáceae) — оилаи рустаниҳои як ё бисёрсолаи соҳилӣ, обӣ ва ботлоқӣ.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зуфобиҳо 13 ҷинс ва беш аз 100 намудро дар бар мегиранд. Баргашон гуногуншакл (дарозрӯя, паҳн ва ғ.). Гулашон дуҷинса, гоҳе якҷинсаи сегулбарга (баъзан бегулбарга); дар пояҳои бебарг ҷой гирифтааст. Гардбаргаашон 6-9 адад. Аксари зуфобиҳо меваи чормағзак доранд. Тухми онҳо ба воситаи об, ҳашарот, гоҳо шамол паҳн мешавад. Баъзе намудҳои зуфобиҳо бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбанд. Зуфобиҳо, маъмулан, намидӯст буда, асосан дар соҳили дарё, кӯлу обанборҳо, ҷойҳои серрутубату шибарзамин, киштзори шолӣ ва водиҳои доманакӯҳӣ мерӯянд.

Беш аз 70 намуди зуфобиҳо дар минтақаи муътадил ва тропикии Нимкураи шимолӣ паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Зарафшон, мавзеъҳои Сирдарё ва Тоҷикистони Ҷанубӣ) 4 намуди онҳо (Alisma lanceolatum, A. loeselii, Alisma plantago-aquatica, Sagittaria trifolia) месабзад. Зуфобиҳо рустаниҳои заҳрноку шифобахш (зуфобӣ), ороишӣ, хӯроки чорво (лайлакбарг — S. trifolia) мебошанд. Лайлакбаргро дар Ҳиндустону Хитой ва Ҷопон парвариш мекунанд. Самараш, ки аз 53 % оҳар, 10 % сафеда ва қанд иборат аст, истеъмол карда мешавад.