Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зуҳро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зуҳро

Зуҳро (форсӣ: زهرا‎; садаи XVII) — шоира, раққоса хушнависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ, тазкираҳо дар бораи шоираҳо Зуҳро зани зеборӯй буда, ба рақс шавқу рағбат доштааст, аммо дар синни камолот аз раққосӣ даст кашида, ба шеъру шоирӣ шуғл варзидааст. Аз улуми адаб, арӯзу қофия огоҳии комил дошт. Ба забони урду низ шеър мегуфт. Абёти зер намунае аз эҷодиёти ӯст:

Рафта-рафта то ба ҳолам меҳрубон гардад табиб,
Ин ҷароҳатро, ки ман дорам, куҳан хоҳад шудан.
 ***
Ҳай-ҳай, чӣ беҳаёист, ки дар пеши мардумон
Парвонаро ба базм бағалгир карда шамъ.

  • Тоҷӣ Усмон. Бисту се адиба. Сталинобод, 1957;