Зуҳур
Зуҳур (ар. ظهور — ошкор шудан, падидоӣ) — дар ирфон таҷаллии ҷамоли Худо дар асмо, сифот ва таайюнот.
Зуҳур аз чанд мартаба иборат аст: зуҳури аввал ‒ таҷаллии илмӣ ба илми иҷмолӣ; зуҳури дуввум — мартабаи тафсил ва илми тафсилӣ; зуҳури севвум — таҳқиқ ва вуҷуди сувари рӯҳонӣ ва муҷаррадот; зуҳури чаҳорум — вуҷуди сувари мисолӣ ва олами барзахи байни муҷаррадот ва ҷисмониёт; зуҳури панҷум — вуҷуди ҷисмонӣ, ки ҳама мазҳарҳои Ҳаққанд.
Зуҳур дар баробари иллияти фалсафӣ ба маънои зуҳури камолот аз зоти Ҳақ матраҳ гардидааст. Аз диди фалсафаи исломӣ, мавҷудот дар баробари вуҷуди Худованд вуҷуди мустақил доранд ва Худованд иллати вуҷуди онҳост. Дар ирфон беш аз як вуҷуд инкор мешавад ва иллият ҷои худро ба таҷаллӣ ва зуҳур дода, кулли мавҷудот шууни зотии Худованд ба шумор мераванд. Зоти Ҳақ аз ҷиҳати шиддати анбоштагии камолот гӯё лабрез аст. Ин вазъиятро «акмалиёт» мехонанд ва дар ин марҳала ишқи Ҳақ маншаи «ҳаракати ҳуббӣ» мешавад. Ин «ҳаракати ҳуббӣ» ба зуҳури камолот ва шууни зоти Ҳақ анҷом меёбад; дар натиҷа ҳар он чӣ дар зоти Ҳақ пинҳон будааст, зуҳур меёбад.
Тибқи таълимоти ваҳдати вуҷуд, Ҳақ дар тамоми ҳастӣ зуҳуру ҳузур дорад ва мавҷудоти ҳар ду ҷаҳон нишонаи зуҳуру ҳузури Ӯянд, ҳастии ухравию дунявӣ чизе аз худ надоранд ва ҳама Ӯст. Зоти Ҳақ ба эътибори таҷаллӣ ва зуҳури Ӯ дар мазоҳир айни ҳамаи ашёст, тамоми ашё ба Ҳақ мавҷуданд ва бидуни Ӯ маъдуманд. Аз он ки зоти Ҳақ таҷаллӣ ва зуҳур ба сурати эшон намудааст, изофаи вуҷуд бар эшон карда мешавад. Агар ориф гирифтори назораи олами зоҳир ва худбинии худ гардад, аз назораи ҷамоли Худо ва зуҳури Ӯ дар ҳастӣ маҳрум мемонад. Худованд аз тариқи асмо буруз карда, камолоти худро нишон медиҳад. Ҳар гоҳ исме басит ё таркибе, ки маҷмӯае аз асмо дар он таркиб ёфтааст, таҷаллӣ кунад ва зуҳуру ҷилва ёбад, мавҷудеро падид меоварад, ки он мазҳари Ҳақ ва маҳалли зуҳури камолот ва асмои Ӯст. Асли фароянди зуҳур ба ин маъност, ки Ҳақ бояд дар дили таайюнот дида шавад, вагарна таҷаллӣ, ҷилва ва зуҳури Ӯ нахоҳад буд. Тибқи андешаи ирфонӣ, ҳар кас ба ҳар куҷо бингарад, Худоро мебинад, зеро Ӯ дар олам зуҳуру ҷилва дорад; илми Худо, қудрату раҳмати Вай ва номҳои илоҳӣ дар мавҷудот зуҳур ёфтаанд ва Ҳақ худро пушти пардаи ном ва мазоҳир ба инсон нишон медиҳад.
Орифон бар ин боваранд, ки ҳадафи Худо аз хилқати инсон таҷаллӣ ва зуҳури ҷалолу ҷамоли Худ, зуҳури ганҷҳо ва ҳикматҳои илоҳӣ аст; инсон бо убудияти хеш ҷалоли худовандӣ ва ганҷҳои пинҳони ҷамоли илоҳиро изҳор мекунад. Ҳадиси қудсии «Ман ганҷе пинҳон будам ва дӯст доштам, ки шинохта шавам ва [аз ин рӯ] халқро офаридам, то шинохта шавам» ба ҳамин маънӣ ишорат дорад. Ориф ин зарфиятро дорад, ки худ мазҳари асмову сифоти илоҳӣ бошад ва оинаи ҷамолнамои Ҳақ гардад. Ӯ ҳар ду оламро барои зуҳуру назораи ҷамоли Ҳақ фидо мекунад.
Эй зуҳури ту бо бутун дамсоз
В-эй бурузи ту бо кумун дамсоз!
Аҳадӣ, лек марҷаи аъдодӣ,
Воҳидӣ, лек маҷмаи аздодӣ.Абдурраҳмони Ҷомӣ
Тоби анвори ҷамолат баҳри изҳори камол,
Партаве бар зулматободи ҷаҳон андохта.
Нури худро ҷилва дода дар либоси ину он,
Дар ҷаҳон овозаи кавну макон андохта.Фахруддини Ироқӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳур / У. Камолов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.