Jump to content

Зуҷоҷия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зуҷоҷия — моддаи шаффофи яхнимонанде, ки дар фазои байни гавҳарак ва шабакияи чашм ҷой гирифтааст.

Зуҷоҷия тақрибан 2/3 ҳиссаи ғӯзаи чашмро ташкил медиҳад. Он 99 дарсад аз оби пайваст бо протеогликанҳо ва гликозаминогликанҳо иборат аст. Сатҳи пеши зуҷоҷия, ки дар он чуқурича (fossa patellaris) мавҷуд аст, ба сатҳи ақиби гавҳарак пайваст мебошад; дар қисматҳои боқимонда зуҷоҷия бо мембранаи дохилии шабакия (тӯрпарда) алоқа дорад. Аз қурси асаби биноӣ дар шабакия ба сӯи гавҳарак ба воситаи зуҷоҷия маҷрои гиалоид мегузарад. Танаи зуҷоҷия (stroma vitreum)-ро шабакаи нафиси печдарпечи нахҳои сафедаи коллагенӣ ташкил мекунад. Фосилаи байни нахҳо бо моеъ (humor vitreus) пур аст. Чунин сохтор зуҷоҷия ро ба массаи яхнимонанд табдил медиҳад. Дар зуҷоҷия ҳуҷайраҳо — гиалотситҳо мавҷуданд. Онҳо бештар дар канорҳои зуҷоҷия қарор дошта, барои ҳосил кардани кислотаи гиалуронат, коллагенҳо ва сафедаҳои ҳалшаванда муҳимманд. Чунин ҳуҷайраҳо ҳемидосмосомаҳоро ба вуҷуд меоранд, ки зуҷоҷия ро бо пардаи густурдаи шабакия мепайвандад. Аз ҷиҳати пайдоиш бисёр гиалотситҳо макрофаг мебошанд.