Jump to content

Зӯбин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зӯбин, жӯбин, жӯпин — найзаи кӯтоҳ, як навъ силоҳи дурзани ҷангӣ ва шикории эрониёни қадим.

Зӯбинро ҳам савора ва ҳам пиёда ба кор мебурданд. Зӯбинро, маъмулан, дар оғози набард ба сӯйи душман меандохтанд ва агар кор намеомад, он гоҳ бо шамшер меҷангиданд. Дар гузашта зӯбинро аз найу чӯб месохтанд ва нӯгашро тез мекарданд ё филиззи нӯгтезеро ба сараш мебастанд. Сари баъзе зӯбинҳоро душоха ё бо пайкони зиреҳшикоф (аз оҳани обдида) месохтанд.

Бияндохт жӯпин ба Пирон расид,
Зиреҳ дар бараш сарбасар бардарид.

Фирдавсӣ

Чирадастӣ ва маҳорати дайламиён дар корбурди ин силоҳ дар адабиёти пешин ба вузӯҳ инъикос ёфтааст. «Ва дайламиён ҳарб бо сипар ва зӯбин кунанд» (Ҳудуду-л-олам). Дар баъзе манбаъҳои хаттӣ онро мизроқ ва шил (найзаи шил) низ гуфтаанд.

  • Вагабова С. Г. Холодное оружие Азербайджана в XVIII — нач. XIX вв. // Актуальные проблемы гуманитарных и естественных наук. 2009. № 11;
  • Khorasani M. M. Arms and Armor from Iran. The Bronze Age to the end of the Qajar Period. Tübingen, 2006;
  • .فخر مدبر مبارکشاه. آداب الحرب و الشجاعة. تهران، ۱۳۴۶ ش؛ دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٩. تهران،۱۳۷۷ ش.؛ دانشنامه دانش گستر. جلد ۹. تهرن، ۱۳۸۹ ش