Jump to content

Зӯроварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зӯроварӣ, хушунат (ар. خشونت‎) — дар ҳуқуқ таъсири ҷисмонӣ ва равонии як субъект ба субъекти дигар, ки дар натиҷаи он ҳуқуқи дахлнопазирии шахс нақз мегардад.

Зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли таъсири бевосита ба ҷисми инсон, аз ҷумла зарбу лат, зарари ҷисмонӣ, навъҳои гуногуни шиканҷа ва ғ. расонида мешавад. Зӯроварии равонӣ бештар бо роҳи тарсонидан ва таҳдид бо мақсади шикастани иродаи тарафи муқобил, даст кашидани ӯ аз муқовимат ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояш амалӣ мегардад. Зӯроварӣ ҳолати вазнинкунандаи ҷавобгарӣ (ҳангоми содир кардани ҷиноят бо ниҳояти бераҳмӣ ё таҳқири ҷабрдида), тарзи содир кардани ҷиноят (мас., куштор, рабудани ҳавопаймо) ё аломати муайянкунандаи таркиби ҷиноят (мас., ҳангоми таҷовуз ба номус) шуда метавонад. Дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 306—307) барои бо роҳи зӯроварӣ ғaсб кардани ҳокимият, нигоҳ доштани ҳокимият ва даъвати оммавӣ барои тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар шудааст.

Зӯроварӣ яке аз назарияҳои пайдоиши давлат ба шумор меравад. Андешаҳо доир ба зӯроварӣ ҳанӯз дар давраи қадим пайдо шуда, махсусан, суфастоиён ба он бештар диққат додаанд. Назарияи зӯровариро асрҳои 19-20 Е. Дюринг (1833—1921), Л. Гумплович (1838—1909) ва К. Каутский (1854—1939) илман асоснок карданд. Е. Дюринг нақши ҳалкунандаи зӯровариро дар инкишофи ҷамъиятӣ таъкид карда, онро ҳамчун шикасти чизи куҳна ва тасдиқи чизи нав медонист, аммо Л. Гумплович назарияи «тобеъ намудан» ва «давлати муосири маданӣ»-ро пешниҳод кард. Ба ақидаи ӯ давлат дар натиҷаи тобеъ гардонидани як қабила аз тарафи қабилаи дигар ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа идоракунандагон ва идорашавандагон, ҳокимон ва ғуломон пайдо шудаанд. Зӯроварӣ, мубориза ва ҷанг дар саромади ташаккули давлат қарор доранд. Давлат дар натиҷаи нотавононро ба худ тобеъ намудани зӯроварон ташаккул ёфтааст. Аммо пайдоиши давлат сабаби аз байн рафтани моҷароҳо нашуда, онҳо дар шакли дигар идома меёбанд. Л. Гумплович хусусияти давлатро ҳамчун воситаи зӯроварӣ ба давраҳои гузашта, мас., истибдоди осиёӣ, полисҳои қадима, монархияи феодалӣ ва ғ. мансуб медонист. К. Каутский низ зӯровариро сарчашмаи пайдоиши давлат медонист. Дастгоҳи водорсозӣ, ки тарафи ғолиб барои идора кардани мағлубон таъсис додааст, тадриҷан ба давлат табдил меёбад. Танҳо дар ҷое, ки зӯроварии берунӣ ҷой дорад, тақсимшавӣ ба синфҳо ба вуҷуд меояд, вале на дар натиҷаи тақсими ҷамоаҳо ба қисмҳои гуногун, балки дар натиҷаи якҷояшавии як ё ду ҷамоае, ки яке аз онҳо ҳукмрон ва истисморгар, дигаре мазлум ва истисморшаванда мегардад.

Зӯроварии сиёсӣ ҳолати махсуси қонунии истифодаи ҳокимияти давлатӣ ва манбаи ҳокимият ба ҳисоб меравад. Он дар ташаккули империяҳо аҳаммияти бузург дошта, дар ҳолатҳои гуногун шаклҳои мухталифи давлатдориро нигоҳ доштааст. Дар бисёр мавридҳо зӯроварии сиёсӣ ҳамчун шарти таърихии сулҳ буда, метавонад ба сифати муҷозот дар ҳаёти дохилии ҷомеа амалӣ гардад. Он барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, сохти конститутсионӣ, ягонагии давлат, тамомияти арзӣ ва ба муқобили таҳдидҳо ба манфиатҳои муҳимтарини миллӣ низ амалӣ мешавад. Зӯроварии сиёсӣ дар шакли зӯроварии ҳарбӣ амалӣ мегардад. Он воситаи муқовимат ва муборизаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, маъмулан, дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки шаклҳои осоиштаи муносибатҳо вуҷуд надошта бошанд. Зӯроварии сиёсӣ ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ ба сурати гуногун зуҳур мекунад ва мудҳиштарин шакли он ҷанг мебошад.