Jump to content

Зӯрхона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Куштигирон дар зӯрхона

Зӯрхона (форсӣ: زورخانه‎) — бошгоҳи варзиш (паҳлавонӣ)-и миллии бостонӣ дар Эрону Озарбойҷон ва Ироқ.

Зӯрхона бинои ҳашткунҷаи гунбаддор (қутраш 10 м) буда, равшании дохили он тавассути тирезаҳои дар гунбад насбшуда таъмин мегардад. Дар миёнаҷои дохили зӯрхона ва 70 см поинтар аз сатҳаш гуд (суфра) ҷойгир буда, гирди он барои осеб надидани варзишгарон бо чӯб ва пластикаҳои нарм иҳота карда шудааст. Дар атрофи суфра барои тамошогарон (барои навозандагон ва варзишгарон низ) нишастгоҳ ва ҷойи либосовезиву афзорҳои варзишӣ вуҷуд дорад. Дар ғурфаи канори даромадгоҳи зӯрхона барои нишасти муршид (сардам) ҷой ва дар назди он барои овехтани занг чӯби паст мавҷуд аст. Асбоби варзишии зӯрхона: санг, тахтаи шино, мил ва каббода. Ҳайати зӯрхона: навча — касе, ки таҳти назари паҳлавони муайян таълим мегирад ва баъди пешрафти кофӣ дар тамрин ба мартабаи навхоста мерасад; миёндор — довар ва мураббии зӯрхона; паҳлавон — шахси тамриндида; муршид — ровӣ, ки бо хониши ашъори муносиб ҳаракатҳои варзиширо танзим мекунад, инчунин пазироии меҳмононро ба уҳда дорад. Либоси варзишии зӯрхона тунбон ё тунка (нимшалвори чармӣ ё махмалии мустаҳкам) буда, бо нақшҳои зебо қолабдӯзӣ шудааст . Зӯрхона бар футувват ва ҷавонмардӣ асос ёфта, бо тасаввуф робитаи маънавӣ дорад. Истилоҳоти он, монанди «муршид», «пешкисват», «тоҷ», «фақр» ва ғ., инчунин «одоб» ва «интизом»-и он баёнкунандаи ҳамин маънӣ мебошанд. Дар гуди зӯрхона хӯрдану ошомидан ва суҳбату ханда кардан манъ аст. Дар ҳолати ворид шудан ба гуд фарши онро ба расми одоб ва шодӣ ҳамчун рамзи қадими Пурёи Валӣ бӯса мекунанд. Варзишгари зӯрхона бояд покназар бошад. Дар варзишҳои инфиродӣ варзишгар аз муршид «рухсат» металабад ва ӯ дар ҷавоб «фурсат» мегӯяд. Барномаи ҳар ҷаласаи зӯрхона аз ҳаракатҳои варзишии зиёде, чун сангбардорӣ, милбозӣ, каббода, гӯштингирӣ ва ғ. иборат аст, ки пас аз он бо дуо кардани миёндор ба рӯҳи анбиёву авлиёву бузургон, талаби шифо барои беморон ва ғ. анҷом меёбад.

Варзиши зӯрхонаӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар варзиши зӯрхонаӣ 17 намуди машқи варзишӣ иҷро карда мешавад, ки маъмултаринашон каббода, сангбардоӣ, милбозӣ, чархи тез, чархи чаманӣ, гӯштини паҳлавонӣ мебошанд. Сабқати варзиши зӯрхонаӣ аз машқҳои омодасозӣ оғоз меёбад. Ҳайати дастаи варзишӣ на кам аз 7 нафар буда, бо садои мусиқии муршид ба майдон мебароянд ва дар шакли давра меистанд. Сипас яке аз варзишгарон ба миёни давра баромада, машқҳои гуногун нишон медиҳад. Муҳлати машқи дастаӣ на беш аз 30 дақ. мебошад. Барои ҳар як машқи дуруст иҷрокарда варзишгар 4 хол мегирад, аммо ҳар як хатоӣ дастаро аз 2 хол маҳрум мекунад. Агар ду нафар пайиҳам ба хатогӣ роҳ диҳанд, дастаро аз бозӣ маҳрум месозанд. Дар чунин намуди варзиши зӯрхонаӣ то 500 хол дода мешавад. Дар варзиши чархи тез як нафар узви даста баромад мекунад. Ба варзишгар як дақ. вақт дода мешавад, то ки ҳарчӣ бештар дар гирди меҳвари худ чарх занад. Ҳангоми иҷрои машқ бояд дасту сари ӯ рост бошанд. Барои натиҷаҳои иҷрои ин намуди варзиш то 45 хол дода мешавад. Дар чарх бо ҷаҳиш 2 дақ. вақт дода мешавад ва ҳангоми чарх задан варзишгар бояд ҷаҳида истад. Сангбардорӣ яке аз намудҳои мушкили варзиши зӯрхона аст. Аз ҳар як даста якнафарӣ варзишгар ба давра баромада, пуштнокӣ дароз мекашанд. Ба онҳо 2 тахтаи сипаршакл медиҳанд ва вазни зиёда аз 20 кг-ро мебардоранд. Барои ин машқ ба варзишгар 10 дақ. вақт дода мешавад. Каббодаро (яке аз адвоти варзиши бостонӣ буда, шабеҳи камон аст. Он аз оҳан сохта шуда, занҷир ва пулукҳои филиззӣ дорад) бар сари даст ҳаракат медиҳанд (муҳлати иҷрои ин амал — 2 дақ.). Дар милбозӣ ҳамаи варзишгарони даста ширкат намуда (сардори даста дар маркази давра меистад), бо олати варзишӣ жонглёрӣ мекунанд. Дар ин намуди машқ шарти муҳим ҳамоҳангӣ аст. Агар олати варзишӣ аз дасти варзишгар се бор ба замин афтад, пас тамоми даста аз бозӣ маҳрум карда мешавад. Гӯштини паҳлавонӣ бар ду гуна аст: дар тарзи якум мардон бо дастҳо аз камарбанд дошта, якдигарро ба тарафи худ кашиданӣ мешаванд. Дар ин маврид ҳар кадоми онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҳарифи худ озод шаванд; дар тарзи дуюм паҳлавонон бо ҳамдигар дудаста вохӯрӣ карда, дасти рости худро аз зери дасти чапи ҳариф гузаронида, ба тарафи худ мекашанд ва дар ин лаҳза паҳлавонон гоҳе хам ва гоҳе рост мешаванд. Истифодаи усулҳое, ки ҳарифро забун мекунад (ва ҳамчунин таҳқир кардани ӯ) дар пеши назари тамошогарон ҷоиз нест. Дар варзиши зурхонаӣ рутбаҳои варзишии «паҳлавони ҷаҳон», «паҳлавони бузург» ва ғ. мавҷуданд. Дар таърихи варзиши зӯрхонаӣ ду нафар маъруф гардидаанд: Пуриёи Валӣ (тақр. соли 1300), ки ҳамчун ориф ва шоир низ шинохта шудааст ва Ҳоҷӣ Сайид Ҳасани Раззоз (1853—1941). Ҳоло варзиши зӯрхонаӣ дар ҷаҳон маъмул гардида, Федератсияи байналмилалии худро дорад ва тавассути он пайваста мусобиқаҳои байналмилалии варзиши зӯрхонаӣ анҷом дода мешаванд.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон аввалин зӯрхона июли 2005 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд, ки номи Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро дорад. Он дорои 460 ҷои нишаст мебошад. Дастпарварони зӯрхонаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, Наврӯз Арабов ғолиби Фестивали варзиши зӯрхонаии ҷаҳон (ҷои дуюм дар милбозӣ, Машҳади Эрон, 2005), Чемпионати ҷумҳуриявӣ (3 медали тило дар милбозӣ, сангбардорӣ ва каббода, Душанбе, 2006), Чемпионати Осиё (медали нуқра дар гӯштини паҳлавонӣ, медали биринҷӣ дар милбардорӣ, Эрон, 2006), Ҷоми ҷаҳон (медали биринҷӣ дар милбозӣ, медали нуқра дар гӯштини паҳлавонӣ, медали тило дар каббода, Боку, 2008), Ҷоми ҷаҳон (медали нуқра дар каббода, Қунияи Туркия, 2010) ва рекордсмени ҷаҳон (сангбардорӣ) мебошад. Саидмаҳмуд Замиров ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини паҳлавонӣ (Кореяи Ҷанубӣ, 2008), Чемпионати Осиё оид ба гӯштини паҳлавонӣ (2011) гардидааст. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши зӯрхонаӣ Давлат Назрӣ беҳтарин муршид шинохта шуда, соҳиби медали тило мебошад (2015). Дар Тоҷикистон Федератсияи байналмилалии варзиши зӯрхонаӣ амал мекунад, ки президенти он Сулаймон Абдулвоҳидов аст.