И
Ҳарфи кириллии И | |
---|---|
Ии | |
Хусусиятҳо | |
Тарз |
И + ◌&#; |
Ном |
И: йот |
Юникод |
И: U+418 |
HTML-код |
И: |
UTF-16 |
И: 0x418 |
URL-код |
И: %D0%98 |
И, и — ҳарфи ёздаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикӣ, ки аз алифбои русӣ гирифта шудааст (1940).
Овози садоноки ғайрилабиро ифода мекунад. Дар талаффузи он нӯги забон ба дандонҳои поини пеш ҷафс мешавад, забон чандон таранг нашуда, рӯи он каме ақиб меравад ва сӯрохи даҳон васеъ мешавад. Овози И вобаста ба вазъияташ дар таркиби калима кӯтоҳ (ситора, сипоҳ, китоб) ва дароз (шир, пир, бино, ин, замин) талаффуз мешавад. Пеш аз ҳарфи «ё» – пиёла, пиёда, пиёз, риёзат, хиёнат ва ғ. ҳам дароз хонда мешавад. Ҳарфи И дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, инсон, ибтидо, ишора, иншо, дил, нигоҳ, ниҳон, нилгун ва ғ. Дар анҷоми калима дар мавридҳои зер меояд: а) ҳамчун изофат (бандаки изофӣ): кишвари озод, Тоҷикистони азиз, ватани маҳбуб, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғ.; б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.; в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғ.; г) дар исмҳои хосси иқтибосии Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.; ғ) дар исмҳои ҷинси такси, туфли ва ғ. Шакли навишти чопиаш Ии, дастнависаш и.
Ин ҳарф дар алифбои забонҳои авестоӣ, форсии қадим ва форсии миёна (паҳлавӣ) низ вуҷуд дошт ва бо аломатҳои махсус навишта мешуд (нигар Дин-дабира, Хатти мехӣ, Хатти паҳлавӣ). Овозе, ки ин ҳарф ифода мекунад, дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то соли 1930) бо аломати зерисатрии «зер» ё «касра» (мас., مِس «мис», خاطِر «хотир», فِکر «фикр», ذکِر «зикр», نوِشت «навишт», خِشت «хишт», زِشت «зишт», خِرس «хирс» ва ғ.), бо ی (Йо, Йот: سیم «сим», تیر «тир», شیر «шир», میر «мир», پیر «пир», پنیر «панир», خمیر «хамир» ва ғ.) ва дар аввали калима бо таркиби ا (Алиф) ва ی (йот): این «ин», ایهام «иҳом») навишта мешуд. Дар баъзе калимаҳо таркибҳои ҳарфи ع (Айн) И хонда мешаванд (عید «ид», عجالت «иҷолат», عشق «ишқ», عقد «иқд» ва ғ). Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930–40) шакли чопиаш I i, дастнависаш буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- И / М. Диловаров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.