Ибдоъ
Ибдоъ (форсӣ: ابداع — чизи нав овардан, нав падид овардан, эҷод, ихтироъ, офариниш, хилқат; шеъри нав гуфтан) — истилоҳи фалсафӣ, эҷоди чиз бе сабқати модда ва замон; қудрати хоссаи Худованд, ки пайванди ногусастание бо сифоти зотии Офаридгор (Воҷибулвуҷуд), монанди машият ва ирода дорад.
Дар таърифу таъбири ибдоъ андешаи мактабҳои машшоъ, исмоилия, мутакаллимон ва аҳли тасаввуф бо тафовутҳои андак ба ҳамдигар монанданд ва истифодаи истилоҳоти гуногун монеи фаҳмиши муштарак нашудааст. Ба қавли Киндӣ, ибдоъ падид овардани чизе аз ҳеч аст. Феъли нахустини Худованд эҷоди мавҷудот аз ҳеч аст ва ошкор аст, ки ин феъл вижаи Худованд аст, ки поёни ҳар иллате аст, пас эҷоди мавҷудот аз ҳеч касе ҷуз Ӯ барнаёяд ва ин феъл бо номи ибдоъ мумтоз гаштааст. Вай ин маъниро аз муосири худ, мутарҷими «Мобаъдуттабиа»-и Арасту — Устос (ё Юстосиюс) дарёфтааст. Аз нигоҳи Форобӣ, ибдоъ нигаҳдошти идомаи ҳастии чизест, ки ҳастии он барои худаш нест ва ин идома ба ҳеч иллате, ҷуз ба зоти мубдеъ, вобаста нест. Ба ақидаи Ибни Сино, ибдоъ иборат аз таъсиси шайъест аз «лайс»-и мутлақ ва шоистатарин мавҷуде, ки машмули унвони мубдиъ аст, мавҷудест, ки вуҷудаш биловосита мустанад ба иллати аввал бошад. Ӯ ибдоъро вобаста ба пешию пасии ҷисмҳо таъбир мекунад ва бар ин ақида аст, ки «ҷисми аввал сазовор бошад, ки мутақаддам бувад бар он дигар дар рутбаи ибдоъ ва вазъи аҷзое, ки вайро тақдир карда шавад». Ибни Сино ду ақидаро дар мавриди ибдоъ баён мекунад: «Яке фаҳмиши ом аст, ки иборат аст аз ихтирое тоза на аз модда… Лекин ба ҳисоби истилоҳи ҳукамо, ибдоъ иборат аст аз мавҷуд сохтани чизе, ки ба зоти худ нест аст (яъне замон вуҷуд надорад), навъе аз идома, ки ба иллате ҷуз зоти мубдеи нахуст тааллуқ дорад». Ба қавли Насируддини Тӯсӣ, ибдоъ эҷоди шайъи ғайри масбуқ ба адам аст ва муқобили он сунъ аст, ки эҷоди масбуқ ба адам аст. Ҳар мавҷуде, ки масбуқ ба моддаву ҳаракат набошад, вуҷудаш бар сабили ибдоъ мебошад. Дар масъалаи ибдоъ Носири Хусрав баҳсе дорад бо Закариёи Розӣ, ки намунае аз муборизаи ақидаҳои моддагароӣ (даҳрӣ) ва идеалистӣ мебошад. Розӣ ибдоъро инкор кардааст. Ба ақидаи ӯ, ибдоъ бе модда ғайриимкон аст, бинобар ин ҳаюло қадим аст ва чизе бе вуҷуди ҳаюло эҷод намешавад. Носири Хусрав қавли Закариёи Розиро овардааст: «Падид овардани Сонеъи Ҳаким мар-чизҳоро ба таркиб аз аҷсоми олам далел аст бар он, ки ибдоъ мутааззир (мушкил) аст».
Шамсуддини Шаҳрзӯрӣ мегӯяд: «Ибдоъ чизест, ки вуҷудаш аз ғайр ба ғайр аз модда буда, он фақат Ақли Аввал мебошад. Баъзе таъриф кардаанд, ки ибдоъ эҷоди чизе на аз чиз, яъне лошайъ, аст». Мирдомод ва Мулло Садро ба шарҳи бештари ибдоъ пардохтаанд. Мас., Мирдомод гуфтааст: «Ибдоъ иборат аз хуруҷ аз ҷавфи адами сареҳ ба матни вуҷуду сабот дар олами даҳр аст ва иборат аз эҷоди шайъи ғайри масбуқ ба моддат ва муддат аст». Садро дар баёни тартиби вуҷуд ва низоми офариниш мегӯяд: «Худованд мавҷудотро бар ваҷҳи тартиби мутанозил ба вуҷуди ибдоӣ аз ақл шурӯъ ва ба ҳаюлои уло хотима додааст ва бар ҳасби мадориҷу маротиби қурбу буъд ба мабдау-л-мабодӣ ҷанбаи нақсу камоли вуҷудии онҳо мутафовит аст ва ҳар андоза аз мабдаи файз дуртар шаванд, аз лиҳози вуҷудӣ заиф ва нақси онҳо зиёдтар ва баръакс, ҳар андоза ба мабдаи аввал наздик бошанд, комилтаранд ва дар маротиби нузул ба ҳаюлои аввал поён ёфта ва дар маротиби суудӣ ба ақли аввал хатм мешаванд».
«Ихвонуссафо» офариниши Қуръонро натиҷаи ибдоъ донистаанд. Ба андешаи онҳо, ақл нахустин мавҷудест, ки Парвардгор онро ибдоъ ва ихтироъ кардааст, ба ин далел, ки Ӯ мубдеи ҳамаи чизҳо ва офаринандаи кулли мавҷудот аст. Мафҳуми ибдоъро исмоилиён низ фаровон ба кор бурдаанд. Андешамандони исмоилӣ ибдоъро бештар ба маънои «ҳастибахши мутлақ» ва «офариниш аз ҳеч» истифода кардаанд. Мас., Абуяъқуби Сиҷистонӣ мегӯяд: «Он ки гуфт, Худованд ин ҷаҳонро ибдоъ кард ва сурати он пеш аз ибдоъ назди вай маълум буд… ҳаққи муқоясаро адо накардааст… мубдее, ки чизро на аз чиз ибдоъ мекунад, ниёзе ба илми ба он чӣ ибдоъ мекунад, надорад». Носири Хусрав дар «Ҷомеъу-л-ҳикматайн» мегӯяд: «Ибдоъ гӯянд ва ихтироъ гӯянд мар падид овардани чизро на аз чиз ва халқ гӯянд, яъне офаридан, мар тақдири чизеро аз чиз, чунонки дуредгар аз чӯб тахт кунад ва ӯ холиқи тахт бошад ва мубдеи сурати тахт бошад. Ва мардумро бар ибдоъи ҷисм қудрат нест». Ба қавли Носири Хусрав: «Мубдеи Аввал ақл аст. Ибдоъ сунъи Мубдеи Ҳақ аст ва мар ӯро гурӯҳе аз ҳукамо „амр“ гуфтаанд ва гурӯҳе „иродат“ номидаанд. Андар ин сунъ мар мубдаот ва махлуқотро ширкате нест ва он яке бувад ва дигар набошад, мар ӯро ва пеш аз он чизе набуд ва сипас аз он ва ҷузъи он ва он чӣ аз он андар он бувад, бар буданиҳо чизе набошад».
Аз нигоҳи Ибни Арабӣ («Футуҳотун маккия») феъли Худованд ибдоъи чизе на аз чизе аст ва Ӯ ҳамаи ҷаҳонро бидуни намунаи пешин ибдоъ кардааст. Лоҳиҷӣ гуфтааст: «Аввали фоиз аз Ҳақ Таоло олами ибдоъ ва машияту иродат аст. Ва ибдоъ эҷоди шайъ аст, бе намуна. Маротиби вуҷуд мухталиф аст ва аъло мартабати он баъд аз вуҷуди Ҳақ Таъоло ва вуҷуди мутлақи сармадӣ олами ибдоъ ва машияту иродат аст, ки маънии онҳо якест». Бобо Афзал мегӯяд: «Ва хосияти ибдоъ он аст, ки ибдоъро ба вуҷуди маҳалле мавҷуд пеш аз ибдоъ ҳоҷат набувад, ки ба вай расад». Калимаи «халқ» ба маънои ом шомили ибдоъ мешавад.
Масъалаи ибдоъ дар фалсафа ва илоҳиётшиносии Ғарб низ мавриди баҳс будааст. Августини қиддис ин мавзӯъро аз мавқеи илоҳиёти масеҳӣ чунин шарҳ додаст: «Чаро олам пештар офарида нашуд? Барои он ки ҳеч як „пештар“ вуҷуд надошт. Замон вақте падид омад, ки олам офарида шуд. Худо абадист, ба ин маънӣ, ки вай хориҷ аз замон вуҷуд дорад: барои Худо ҳеч „пешӣ“ ва „пасӣ“ нест ва фақат „он“-и абадӣ вуҷуд дорад. Худо ҳамаро аз тариқи ибдоъ меофарад».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибдоъ / К. Олимов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.