Jump to content

Иберия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иберия
299 то м. — 600


Дирафш
Пойтахт Armazi[d] ва Тифлис
Забон(ҳо) Old Georgian[d] ва гурҷӣ
Воҳиди пул Kolkhuri Tetri[d]
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Иберия, Подшоҳии Иберия (юн. Ἰβηρία, Ибе́рия; лот. Hiberia) — номи ҳукумати подшоҳии қадима дар шарқи Гурҷистон (Картли), ки табиат, низоми идорӣ, ҳаёти фарҳангӣ ва мазҳабии онро муаррихони юнонӣ ва византиягӣ тавсиф кардаанд.

Подшоҳии Иберия дар натиҷаи зиддияти низомии давлатҳои ҳаммарзи шоҳии Понт (302-62 то м.) ташаккул ёфт. Бунёдгузори давлат ва сулола шоҳ — Фарнавози I (ҳукмронӣ 299—234 то м.) буд. Пойтахташ — Мтсхета. Дар асри 3 то м. бахши шарқии Гурҷистон ва музофоти ҷанубу ғарби он ба ҳайати иттиҳодияи сиёсии Подшоҳии Иберия дохил мешуданд. Роҳ ва ағбаҳои корвонгузари қ-кӯҳи Қафқози Бузург таҳти назорати шоҳони Подшоҳии Иберия қарор доштанд. Баъди таназзули давлати Селевкиён як қисми ҳудуди Картлии Поин ва Мтсхета ба ҳайати давлати Арманистони Бузург (190 то м. — 428) дохил шуданд. Соли 65 то м. қаламрави Подшоҳии Иберияро сарлашкари румӣ — Гнея Помпеяи Бузург ишғол кард ва шоҳони он вассали империяи Рум эълон гардиданд. Шоҳони Подшоҳии Иберия дар раванди муборизаҳои низомии Руми Қадим ва Порт нисбатан соҳибихтиёрии худро ҳифз карданд. Дар аҳди ҳукмронии шоҳ Форсмони II (тақр. 120—160) минтақаҳои ғарбӣ ва ҷанубии ҳаммарзи давлат ба қаламрави Подшоҳии Иберия дохил карда шуданд. Табақаи соҳибимтиёзи Подшоҳии Иберия: узви хонадони шоҳ, ашрофи дарбор, низомиён ва роҳибон. Ҷамоаи кишоварзон ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд: озод (эри) ва тобеъ (глехи). Дар сохтмон ва корҳои дигари вазнин аз қувваи ғуломон истифода мешуд. Сокинони Подшоҳии Иберия дар водиҳо ба кишти зироат ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ба чорводорӣ машғул буданд. Дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар (Урбниси, Уплистсихе) ҳунармандӣ ва тиҷорат равнақ ёфта буд. Аз асрҳои аввали м. дар Подшоҳии Иберия хатти юнонӣ ва оромӣ (махсусан «армазӣ») маъмул буданд. Дар Подшоҳии Иберия соли 326 дини насронӣ ҷорӣ шуд. Ҳудуди Подшоҳии Иберия дар охири асри 4 тавассути Сосониён ишғол гардид. Дар асри 5 шоҳ Вахтанги I Гургсар (440—502) муборизаро ба муқобили Сосониён идома дода, пойтахти Подшоҳии Иберияро ба Тбилиси кӯчонд. Форсҳо пас аз пахш кардани шӯриши шоҳ Гурген (тақр. 520) дар иттиҳод бо ашрофи маҳаллӣ ҳукумати шоҳии Подшоҳии Иберияро сарнагун карданд (523). Ҳукумати Подшоҳии Иберия ба уҳдаи марзбони сосонӣ вогузор гардид, ки қароргоҳаш дар ш. Тбилиси буд.