Ибибио
Ибибио | |
|---|---|
| Сукунат | |
| Гурӯҳҳои қавмӣ | |
Ибибио (агбишера) — халқият дар ҷануби Нигерия, ки аксарият дар ҳавзаи д. Кросс иқомат доранд.
Ибибио дар иёлати Аква-Ибом ба гурӯҳҳои шарқӣ (25 зергурӯҳ — 4 млн), ғарбӣ ё ананг (14 зергурӯҳ — 1,4 млн), шимолӣ (энъонг, нкалу, окун); ҷанубӣ ё экет (орон — 94 ҳазор, окобо 67 ҳазор), делта ё андонҳо (ибено, ибино — 13 ҳазор) ҷудо мешаванд. Гурӯҳҳои дигари ибибио — эфикҳо (480 ҳазор) дар ҷануби иёлати Кросс-Ривер ва боқимонда дар Гана (43 ҳазор), Камерун (34 ҳазор) ва Гвинеяи Экваторӣ (2,7 ҳазор) зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумиашон 6,1 млн (2007). Ба забонҳои ибибио ва эфик (гурӯҳи бенуэ-конголезии оилаи нигеро-кордофанӣ) гуфтугӯ мекунанд. То миёнаи асри 20 хатташон тасвирӣ (нcибиди) буд. Аксарият масеҳӣ (90 %) буда, боқимонда ба боварҳои қадимӣ эътиқод доранд. Дар асри 18 як гурӯҳи ибибио аз соҳили чапи д. Кросс ба соҳили рости он кӯчида, баъдан бо номи эфекҳо машҳур шуданд. Сипас андониҳо аз онҳо ҷудо шуда, бо иҷоҳо ё изонҳо (халқият дар соҳили д. Нигер) омезиш ёфтанд. Аз асри 15 ибибиоҳои соҳилнишин бо аврупоиҳо ошноӣ пайдо карда, дар бозори ғуломфурӯшии Калабар нақши миёнаравро иҷро мекарданд. Машғулияти асосии ибибио кишоварзӣ, моҳидорӣ, тиҷорат ва мардикорӣ буд. Дар миёни ибибио ҳунарҳои дастӣ, аз қабили бофандагӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб ва муҳрасозӣ рушд ёфтаанд. Махсусан ниқобҳои мудаввари барҷастаи чӯбии гуногунсохти Иттиҳоди махфии Экпо машҳур буданд, ки ҳар яки онҳо аз ҳамдигар бо дандонҳои барҷастаи пешбаромада ва «мӯй»-ҳои ҳошиявии шабеҳ бо торҳои рустанӣ фарқ мекарданд. Тарҳи хонаҳои иқоматиашон росткунҷа буда, деворҳои чиғӣ аз даруну берун андова доранд. Хонаводаҳои бузурги ибибио аз чандин хонаводаи хурд иборат аст. Ҷамоаи ибибио пешво надорад ва расму оини онҳо тавассути шӯрои куҳансолону иттиҳодҳои махфӣ танзим мешаванд. Оинҳои қадими ибибио парастиши рӯҳи табиату аҷдод ва худои холиқ (Абасси) мебошад. Дар байни ибибио ривояти нахустин инсонҳо (марду зан) машҳур аст, ки баръакси фармудаи Абасси ба киштукор машғул шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибибио // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Ekong E. E. Sociology of the Ibibio: a study of social organization and change. Calabar, 1983;
- Ekanem J. B. Clashing cultures: Annang not(with)standing Christianity: an ethnography. Brussels, 2002.