Jump to content

Ибис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибис
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Threskiornithinae (Poche, 1904)

Ибис (Threskiornithinae) — парандаест лаклакмонанд.

Ба қатори ибисҳо (Threskiornithinae), ки 25 намуди онҳо маълум аст, дохил мешавад. Дарозиаш 50-110 см, вазнаш то 14 кг. Болаш паҳн, аз 11 шоҳпари дароз иборат аст. Сараш хурд, пой ва гарданаш дароз. Нӯлаш дарози каҷ буда, ба шоф монанд аст. Пой ва нӯлаш сиёҳ ё сурх. Болу пари Ибис бештар якранг (сафед, хокистаргун, сиёҳ) буда, нӯги шоҳпарҳояш сиёҳ аст (ҳангоми парвоз возеҳ намоён мешавад). Баъзе Ибисҳо дар сар тоҷи дарози зебо доранд. Ибисҳои гарданашон бепат низ вомехӯранд. Ибис дар минтақаҳои иқлимашон гарм, хосса дар шарқи Австралия, иёлоти Квинсленд, ибисҳои гулгун дар ноҳияҳои наздисоҳилии Амрикои Ҷанубӣ дучор меоянд. Ибисҳо села-села (10-23-сарӣ) ҷамъ омада, ҳангоми тағйири иқлим ба маҳалҳои гарм мекӯчанд. Онҳо бештар дар ҷойҳои ба об наздик маскун мешаванд. Аз об ва миёни сангҳо ғизо меҷӯяд. Дар ҷойҳои сералаф, шохаи дарахтон, қамишзору найшакарзор аз шоху навда лона месозад. Ибисҳо баҳорон, гоҳо айёми боришот ҷуфтӣ шуда, модинааш 2-7 тухм мегузорад. Тухмҳоро ҳар ду ҷинс мехобонанд. Чӯҷаҳо баъди 3 ҳафта аз тухм мебароянд. Ибис моногам буда, дар 3-солагӣ болиғ мешавад. Шоҳин, уқоб ва калхотҳо душмани ибис мебошанд. Ибис дар табиат тақр. 20 сол умр мебинад.