Jump to content

Ибни Абдураббиҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Абдураббиҳ
Таърихи таваллуд: 860[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 940[1][2][3][…] ё 939
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Жанр: шеър
Забони осор: арабӣ

Абуумар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдураббиҳи Андалусӣ ابن عبد ربِّه (ар. أبو عُمَرَ أحمَدُ بنُ مُحَمَّدِ بنِ عَبْدِ رَبِّه الأندَلُسِي‎; 860[1][2][3][…], Қуртуба, Андалусия[1]940[1][2][3][…] ё 939, Қуртуба, Андалусия) — шоир ва адиби арабизабони андалусӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Абдураббиҳ аз хонадони банӣ Аббос буд, аммо чун бобокалонаш Солим ба дарбори амир Ҳишом ибни Абдурраҳмон (дуввумин амири силсилаи Умавиёни Андалус) роҳ ёфт, Ибни Абдураббиҳ яке аз шахсони наздики амир шуд ва дӯстон ӯро марвонӣ ва умавӣ меномиданд. Кӯдакии шоир дар тангдастӣ гузаштааст. Ибни Абдураббиҳ илмҳои динӣ ва адабиро дар назди бародараш Яҳё, ки аз фақеҳон ва муҳаддисони Қуртуба буд ва баъдтар назди Абдуссаломи Хушанӣ ва Муҳаммад ибни Ваззоҳ, ки аз интиқолдиҳандагони фарҳангу адаби Шарқ ба Андалус буданд, омӯхт. Ибни Абдураббиҳ туфайли истеъдоду заковати баландаш ба зудӣ дар маҳфилҳои илмии зодгоҳаш дар саффи муҳаддисону фақеҳон ҷой гирифт, аммо ба шеъру шоирӣ майли бештар дошт ва бо ҳунари шоиронааш дар дарбори Амир Мунзир, Амир Абдуллоҳ ва Абдурраҳмони Носир хидмат кард. Ӯ дар тамоми анвои шеърии он даврон табъ озмудааст. Дар гуфтани ғазал мумтоз буд, ғазалҳояш сода, хушоҳанг ва дур аз такаллуф мебошанд. Мутафаккири классики араб Мутанаббӣ Ибни Абдураббиҳро «малеҳу-л-Андалус» унвон додааст. Осори манзуми Ибни Абдураббиҳ то замони мо нарасида, танҳо намунаҳое аз ашъорашро Саолабӣ ёдоварӣ кардааст. Машҳуртарин асари насрии Ибни Абдураббиҳ «ал-Иқд» ё «Иқду-л-фарид» мебошад, ки бо сабки донишномавӣ ва дар 25 боб таълиф шуда, мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ ва таърихиро фаро гирифтааст. Дар ин китоб осор, хабарҳо, гуфтаҳо ва гулчини насру назми Шарқи исломӣ низ гирдоварӣ шудаанд ва бахши аъзами зиндагии ӯ низ бозтоб шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 G. W. T. Ibn 'Abd Rabbihi (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 219.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Faceted Application of Subject Terminology
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.