Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Абиусайбиъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Абиусайбиъа
ар. أحمد بن القاسم بن خليفة بن يونس الخزرجي الأنصاري
Таърихи таваллуд 1194[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1270[1]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ чашмпизишкӣ, пизишкӣ[2], таърихи пизишкӣ[d][2] ва шоир
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ибни Абиусайбиъа (ар. ابن أبي أُصَيْبِعَة‎), Муваффақуддин Абулаббос Аҳмад ибни Садидудин ибни Қосим ибни Халифа ибни Юнуси Хазраҷии Ансорӣ (1194[1], Димишқ1270[1], Салхад[d]) — таърихнигор, донишманд ва табиби маъруф.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падар ва амаки Ибни Абиусайбиъа аз табибони машҳури рӯзгори худ буданд ва ӯ дар ҷавонӣ илмҳои адабиёт, тиб ва каҳолат (чашмпизишкӣ)-ро аз онҳо омӯхт. Сипас таҳсилро дар бемористони бузурги «Нурӣ»-и Димишқ идома дода, аз Абдурраҳим ибни Алии Дахвол илми тиб ва каҳолатро фаро гирифт. Муддате дар бемористони мазкур ба пизишкӣ машғул шуд, баъд ба тадриси илми тиб пардохт. Аз Димишқ ба Миср муҳоҷират карда, дар беморхонаи «Носирӣ» ба ҳайси пизишки чашм пазируфта шуд. Соли 1237 бо даъвати амир Иззуддини Айдамур (фавт 1342) аз Миср ба Димишқ баргашт ва табиби махсуси ӯ шуд. Ибни Абиусайбиъа шогирди Ибни Байтор низ буд ва аз ӯ гиёҳшиносиро омӯхт; ҳамроҳи устоди худ дар манотиқи атрофи Димишқ ба ҷустуҷӯи гиёҳҳои доруӣ машғул буд. «Уюну-л-анбо фӣ табақоти-л-атиббо» аз муҳимтарин таълифи Ибни Абиусайбиъа буда, дар он, илова бар табибони Юнони Бостон ва дигар кишварҳо, тарҷумаи ҳоли 400 табиб ва ҳакими арабизабон низ дарҷ шудааст.