Jump to content

Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: исломшинос
Таърихи таваллуд: 1331
Таърихи даргузашт: 1390
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ (ар. ابن ابي العز الحنفی‎), Қозӣ Алӣ ибни Алӣ ибни Муҳаммади Димишқӣ (1331, Димишқ — 1390, ҳамон ҷо) — муҳаддис, фақеҳ ва қозиюлқузоти Димишқ, сипас диёри Миср.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ дар навҷавонӣ фиқҳро бар асоси мазҳаби ҳанафӣ фаро гирифт. Ӯ ба синни 17-солагӣ нарасида буд, ки дар мадрасаи Қуймозияи Димишқ ба тадриси усул ва фиқҳи ҳанафӣ пардохт. Аз улуми динӣ, қавоид ва фурӯъи фиқҳии мазҳабҳои дигар комилан огоҳ буд. Аз суханони Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ дар насиҳати толибилмони улуми исломӣ яке ин аст: "Бар касе, ки дар талаби илми нофеъ аст, воҷиб бувад, ки нахуст китоби Худоро ҳифз ва дар он тадаббур намояд, аз Суннат он чӣ барояш муяссар гардад, биандӯзад ва сероб шавад. Сипас аз забон ва дастури он ба андозае баҳраманд гардад, ки бо он сухани хеш ба ислоҳ оварад ва дар фаҳми дурусти китоби Худо, Суннат ва каломи гузаштагони солеҳ аз он кумак гирад. Пас аз он дар каломи оммаи уламо — саҳобагон ва наслҳои пас аз эшон, ҳар чӣ муяссар буда, бе тахсиси яке аз онҳо, бингарад. Ҳар чӣ дар он иттифоқ доштаанд, аз он фаро нагузарад ва ҳар чӣ дар он ихтилофи назар доштаанд, бе ҳеч гуна ҳавову асабият дар далелҳои эшон назар афканад. Пас аз он «Худо касеро ҳидоят кунад, ӯ раҳёфта аст ва касеро гумроҳ созад, барояш сарпарасти роҳнамое наёбӣ» (Қуръон, 18, 17).

Ибни Абулъиззи Ҳанафӣ ба сабаби эрод ва нақд бар баъзе байтҳои қасидаи Ибни Айбаки Димишқӣ дар наъти паёмбар (с) мавриди кинаи вай қарор гирифта, ба мухолифат бо фаҳми роиҷи баъзе мафҳумҳои динӣ дар он замон иттиҳом шуд. Бо таҳрики Димишқӣ ӯ ба таъқибу шиканҷаи баъзе умаро ва уламои замони худ мубтало гашт.

«ат-Танбеҳу ало мушкилоти-л-Ҳидоя» дар фиқҳ, «ан-Нуру-л-ломеъ фӣ мо юъмалу фӣ-л-Ҷомеъ», «Шарҳу-л-Ақидати-т-Таҳовия» дар ақоид ва «ал-Иттибоъ» аз осори барҷоймондаи ӯянд.

شرح العقيدة الطحاوية. بيروت، ۱۹۹۶.