Jump to content

Ибни Аввом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Аввом
Таърихи таваллуд асри XII
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт асри XII
Кишвар

Абузакариё Яҳё ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Аввом (ар. أبو زكريا يحيى بن محمد بن أحمد بن العوام‎; асри XII, Севиляасри XII) — кишоварзи мусулмони араб, яке аз донишмандони асрҳои миёна.

Зиндагниома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нимаи дуввуми асри 12 дар Севиля (Испониё) ба дунё омадааст. Муаллифи рисолаи «Китобу-л-филоҳа», ки аз 25 боб иборат буда, оид ба кишоварзӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ маълумоти муфассал медиҳад. Дар он зиёда аз 585 намуди рустанӣ ва беш аз 50 намуди дарахти мева тавсиф ёфтааст. Китоб ҳамчунин оид ба киштукор, истифодаи нурӣ, тарзи пайванд кардан, касалиҳои рустанӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо маълумот медиҳад. Муаллиф ҳангоми навиштани китоб аз сарчашмаҳои юнонӣ ва арабӣ, хосса рисолаи Ибни Ваҳшия андар кишоварзии аҳли Набат истифода ва ба он аз таҷрибаҳои ҳамасрони худ маълумоти бисёр ворид кардааст. «Китобу-л-филоҳа» ибтидои асри 19 ба забони испанӣ тарҷума ва нашр шудааст.