Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Баккус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ибни Баккус
ар. إبراهيم بن بكس[1]
Таърихи даргузашт1003 ё 971[1]

Абуисҳоқ Иброҳим ибни Баккус (ар. ابراهیم بن بُکَّس‎; Бағдод1003 ё 971[1]) — пизишк ва мутарҷими муосири Ҳунайн ибни Исҳоқ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунайн тарҷимаҳои ӯро ислоҳ ва таҳрир мекард. Бино ба маълумоти Ибни Усайбиъа, Ибни Баккус дар илми тиб моҳир ва аз шайхҳои атиббои Бағдод будааст. Ӯ ҳарчанд, ки кӯр шуда буд, аз кори тиб даст боз намедошт ва дар Бемористони аздӣ дарс медод. Ибни Баккус дар тиб чандин таълифот дорад, аз ҷумла, «Куннош» ва «Қарободин»-и мулҳақ ба он, «Мақола дар баёни он, ки оби қуроҳ сардтар аз оби ҷав аст», «Мақола дар баёни обила» ва ғ.

  1. 1.0 1.1 1.2 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 1. — С. 34.