Jump to content

Ибни Бобавайҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Бобавайҳ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: форсӣ: ابوجعفر محمد بن علی بن حسین بن موسی بن بابویه قمی
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, муҳаддис
Таърихи таваллуд: 918[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 991[2]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, шиъа ва шиъаи дувоздаҳимомӣ
Падар: Алӣ ибни Бобавайҳ[d]
Самти фаъолият: шиъаи дувоздаҳимомӣ ва ислом
Устодон: Алӣ ибни Бобавайҳ[d] ва Ибни Валиди Қуммӣ[d]
Шогирдон: Шайхи Муфид, Сайиди Разӣ, Сайид Муртазо Аламулҳудо ва Q12185072?
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Бобавайҳи Қуммӣ (ар. محمد بن علي بن بابويه القمي‎), маъруф ба Ибн Бабавайҳ (Бобуя) 918[1], Қум991[2], Рай - муҳаддис ва фақеҳи бузурги шиъа.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои шунидани ҳадис ва такмили дониш ба Машҳад, Куфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ рафт. Баъди адои фаризаи ҳаҷ ба Нишопур баргашта, аз он ҷо ба шаҳрҳои Сарахс, Балх, Марв, Марвруд, Самарқанд, водии Фарғона дар Мовароуннаҳр ва шаҳраки Айлоқ (дар наздикиҳои Тошканд) рафт ва аз уламои он ҷойҳо ҳадис шунид. Баъдан ба Бағдод рафт ва муддате ба тадрис пардохт.

Ибни Бобавайҳ аз назари фикрӣ ва каломӣ аз мактаби ахбориёни Қум буда, осораш қисмати умдаи мероси ахбориёнро ташкил медиҳад. Вай дар баёни андешаҳои каломии худ ва мафҳумҳои зеҳнӣ бар ҳадисҳои ривоятшуда аз тариқи имомони аҳли ташайюъ такя мекард. Суханони ӯ дарвоқеъ ҳамон матни ҳадисҳоеанд, ки бо камтарин тасарруф аз онҳо низоми каломии худро ба вуҷуд овардааст. Ибни Бобавайҳ дар баёни масъалаҳои фиқҳӣ низ асосан бар ҳадис такя дошт; ҳар гуна қиёс ва ҳатто истинбот (натиҷагирӣ)-и аҳкомро ноҷоиз медонист. Дар осори фиқҳиаш низ умдатан ба ривояти матни ҳадисҳо ё маънои онҳо иктифо кардааст. Ибни Бобавайҳ дар ривояти ҳадис, илми ҳадисшиносӣ ва нақди риҷол назди шиаёни исноашарӣ шахси муътамад ба шумор рафта, дар донистани ҳадис ва шинохти ғариби он тавоно буд, аз ин ҷиҳат ӯро «Садуқ» ва «Имодуддин» номидаанд. Ибни Бобавайҳ дар ҳадисшиносӣ ва фиқҳи шиа ҳудуди сесад асар навиштааст. Муҳимтарин таълифи ӯ «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ» аст, ки яке аз чаҳор китоби муътабари ҳадис назди шиаёни имомия ба шумор меравад. «Камолу-д-дини ва итмому-н-неъмати», «Уюну ахбори-р-Ризо», «Маъонӣ-л-ахбор», «Китобу-т-тавҳид», «ал-Эътиқодот», «ал-Ҳидоя», «Мадинату-л-илм», «ат-Таърих», «ал-Масобеҳ» (дар ҳадис ва риҷоли он), «Мусодақату-л-ихвон» ва ғ. аз ҷумлаи осори чопшудаи ӯ мебошанд. «Асмоуллоҳи-л-ҳусно» ва «Ҳадисун ҷомеъун ли-л-одоби ва-л-ҳикам» аз осори хаттии Ибни Бобавайҳ буда, дар осорхонаҳои кишварҳои мухталиф нигаҳдорӣ мешаванд. Илова бар ин, тақр. 200 асари дигарро ба Ибни Бобавайҳ нисбат додаанд. Номи 80 асари вай дар «Ҳадияту-л-орифин» зикр шудааст.