Ибни Бутлон
Ибни Бутлон | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 1001 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1066 |
| Маҳалли даргузашт | |
Абулҳасан ал-Мухтор ибни ал-Ҳусайн ибни Абдун ибни Саъдуни Бағдодӣ (тақрибан 1001, Бағдод — 1066, Антокия), маъруф ба Ибни Бутлон (ар. ابن بطلان) — табиб ва файласуфи масеҳӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мардуми Бағдод буда, дар кишварҳои гуногун саёҳату зиндагӣ кардааст. Таҳсилоти динию фалсафӣ ва тиббиро дар беморхонаи «ал-Адуд», зери роҳбарии Абулфараҷ дар Карх (наздики ш. Бағдод) фаро гирифтааст. Соли 1049 ба Миср, сипас ба минтақаи Сурия ва Туркия меояд. Соли 1054 ӯро барои мудофиаи Рум аз ҳуҷуми лотиниҳо ба Қустантания (Константинопол) даъват мекунанд. Ибни Бутлон дар охир касби роҳибиро ихтиёр карда, дар Антокия дайрнишин ва ба таҳқиқу таълиф машғул мешавад. Дар робита ба тиб китобҳои «Тақвиму-с-сиҳҳа би-л-асбоби-с-ситта», «Даъвату-л-атиббо», «Китобу-л-мадхал ила-т-тиб», «Кунношу-л-адирати ва-р-руҳбон» (Кунноши дайрҳову роҳибон), «Мақолоту ситтатин муҳимматин фӣ-т-тиб», «Вақъату-л-атиббо»-ро таълиф кардааст. Китоби «Тақвиму-с-сиҳҳа»-и ӯ маъруфу машҳур буда, ибтидои асри 12 аз тарафи шахси номаълум ба забони форсӣ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Бутлон / С. Шаҳобуддинов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.