Ибни Ваҳбон
| Ибни Ваҳбон | |
|---|---|
| Иттилооти инфиродӣ | |
| Касб, шуғл: | олим, фақеҳ |
| Таърихи таваллуд: | 1326 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 1367 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Эътиқод: | ислом |
Ибни Ваҳбон (ар. ابن وهبان) Аминуддин Абдулваҳҳоб ибни Аҳмад ибни Ваҳбони Ҳорисии Димишқӣ (1326, Ҳамо, Сурия — 1367, Димишқ) — адиб, муқрӣ (устоди фанни қироат) ва фақеҳи машҳури ҳанафӣ; қозии Ҳамо.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар улуми фиқҳ, забони арабӣ, қироот ва адаб маҳорати беандоза дошт. Илми фиқҳро бо чанд восита аз соҳиби «Ҳидоя» ва дигар уламои Шом фаро гирифта, дар он ба дараҷаи камол расид. Осори илмӣ, бахусус манзумаи фиқҳии ӯ «Қайду-ш-шароид», дар ниҳояти таҳқиқ навишта шуда, назди уламо аз сарчашмаҳои муътамад ба шумор меравад. Аксари фуқаҳои баъдӣ аз таълифоти илмии Ибни Ваҳбон ҳам истифода ва ҳам истинод кардаанд. «Қайду-ш-шароид» манзумаест иборат аз 1000 байт; дар он масъалаҳои умдаи фиқҳи ҳанафӣ матраҳ шудаанд. Он соли 1936 дар Димишқ бо номи «Манзумату Ибни Ваҳбон» ба табъ расид. «Ақду-л-қалоид» (шарҳи китоби қаблӣ дар 2 ҷилд), «Аҳосину-л-ахбор фӣ маҳосини-с-сабъати-л-ахёр» (дар шарҳи аҳволи ҳафт қории машҳур), «Имтисолу-л-амр фӣ қироати Абиамр» (манзумае дар 127 байт) аз ҷумлаи дигар осори ӯ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ваҳбон / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.