Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ибни Ваҳшия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ваҳшия
Таърихи таваллуд асри IX
Таърихи даргузашт тақрибан 930[1]
Фазои илмӣ аграрӣ, кимиёгарӣ[d] ва забоншиносӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абубакр Аҳмад ибни Алӣ ибни Қайс ал Ваҳшия ал-Қасдонӣ ал-Қусайнӣ ан-Наботӣ ас-Суфӣ, маъруф ба Ибни Ваҳшия (ар. ابن وحشیه‎; асри IXтақрибан 930[1]) — кишоварз, донишманд, кимиёдон, нависанда ва мисршинос.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар деҳаи Қусайни ҳаволии Куфаи Ироқ таваллуд шудааст. Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» осори Ибни Ваҳшияро оид ба кишоварзӣ, кимиё, физика ва тиб номбар кардааст. «Китобу-л-филаҳа-н-набатия» («Кишоварзии набатӣ»), ки тақрибан соли 904 таълиф шудааст, оид ба рустаниҳо, манбаъҳои об ва сифати онҳо, ҳаво, сабаби буридани дарахтон, ҳосилхезии хок, рӯёндани ҳосил ва ғ. маълумот медиҳад. Китоб дар асоси сарчашмаҳои юнонӣ навишта шудааст.

  1. 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #100998151 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.