Ибни Дайсон
Таърихи таваллуд | 11 июл 154[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 222[2][3][4][…] |
Маҳалли даргузашт |
Ибни Дайсон (154, Шом — 222) — файласуф, мутакаллими масеҳӣ, шоир, муассиси фирқаи дайсония, нигорандаи забони адабии сурёнӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Наҳома (аз Ҳайтолиён) ва модараш Наҳширон (аз дудмони Ашкониён) ном доштаанд. Номи Ибни Дайсон аз номи рӯди Дайсон, ки ӯ дар канори он ба дунё омадааст, гирифта шудааст. Ибни Дайсон дар дарбори шоҳи он даврон — Риҳо тарбият ёфта, ҳамроҳи писари ӯ Абгар таҳсил кард ва илми нуҷумро хуб фаро гирифт. Соли 179 тавассути Ҳистоспи усқуф ба оини насронӣ гаравид ва пешвои яке аз фирқаҳои масеҳӣ гардид, ки муътақид ба санавият буданд ва ба сабаби интисоб ба ӯ пайравони ин фирқаро дайсония номиданд. Ибни Дайсон аз мухолифони мазҳаби марқиюн буд. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, бо фурӯпошии подшоҳии Риҳо Ибни Дайсон ночор ба Арманистон паноҳ бурд ва дар ҳамон сарзамин вафот кард. Монӣ дар ақидаҳои хеш ба ӯ пайравӣ ва аз вай иқтибос кардааст. Ибни Дайсон забони арманӣ ва сурёниро хуб медонист. Шеърҳои Ибни Дайсон чандин аср дар миёни мардуми сурёнӣ шуҳрати зиёд доштанд.
Ба қавли Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «ал-Милал ва-н-ниҳал», Ибни Дайсон ва пайравонаш муътақиданд, ки шарр аз зулмат табъан ва қасдан содир шудааст. Нуру зулмат ҷинси воҳиданд. Ҳама идрокоти нур, чун шунавоиву биноӣ ва дигар ҳавосси он, якест, яъне самъи ӯ басари ӯ ва басари ӯ сойири ҳавосси ӯ мебошад, аз ин рӯ, онҳо нурро самиъ (шунаво) ва басир (бино) мепиндоранд. Бино ба таълимоти Ибни Дайсон, рангу таъм, бӯй ва ламси нур яке буда, фарқи онҳо аз якдигар дар ихтилофи навъи омезиши зулмат бо нур мебошад. Ӯ ҳамин маъниро ба рангу таъм, бӯй ва ламси зулмат низ мансуб медонад. Ибни Дайсон ва тарафдоронаш қоил бар онанд, ки нур ҳамеша нур ва зулмат ҳамеша зулмат аст, вале вохӯрии нур бо зулмат аз ҷиҳати зерини нур ва вохӯрии зулмат бо нур аз ҷиҳати забарини зулмат мебошад.
Пайравони Ибни Дайсон дар сарзаминҳои Батоиҳ, Чин ва Хуросон парокандаанд ва зоҳиран маҷмааву ҳайкале надоранд. Ба Ибни Дайсон китобҳои «Китобу-н-нур ва-з-зулмат», «Китобу рӯҳонияти-л-ҳақ», «Китобу-л-мутаҳаррик ва-л-ҷамод»-ро мансуб медонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Faceted Application of Subject Terminology
- ↑ Arendzen J. P. https://www.newadvent.org/cathen/02293a.htm (ингл.) — 1995.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Дайсон / И. Саидов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.